Чанде қабл як гурӯҳ мутахассисони тоҷик бо мақсади омузиши таҷрибаи пешқадам доир ба ислоҳоти барномаҳои хифзи иҷтимоӣ ба Ҷумҳурии Молдова сафарбар гардиданд.
Сафари омӯзишии ҳайати мутахассисони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Молдова дар доираи татбиқи “Барномаи меҳнати арзанда”, рушди шарикии иҷтимоӣ ва муколамаи иҷтимоӣ идома дорад.
Ин сафари мутахассисони тоҷик ба Ҷумҳурии Молдова бо дастгирии Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат , бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои сатҳи минималии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омузиши таҷрибаи пешкадам доир ба ислоҳоти барномаҳои хифзи иҷтимоӣ ва истифодабарии стандартхои байналмилалӣ дар контексти миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи барномаи сафари хизматӣ, мутахассисони тоҷик аз Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаи Ҷумҳурии Молдова, Хазинаи миллии суғуртаи иҷтимоӣ, Конфедератсияи иттифоқҳои касаба, Федератсияи корфармоёни Молдова, Ширкати миллии суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Молдова дидан хоҳанд намуд.