Мутахассисони Тоҷикистон ва Россия ҷиҳати муайянсозии масунияти бадани аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 тадқиқоти миллӣ мегузаронанд

Мутахассисони Тоҷикистон ва Россия ҷиҳати муайянсозии масунияти бадани аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 тадқиқоти миллӣ мегузаронанд
Март 09
15:39 2022

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Федератсияи Россия тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19-ро аз  14  то 19 марти соли 2022 мегузаронад.

Бо мақсади гузаронидани тадқиқоти мазкур имрӯз, 9 марти соли равон дар Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон вохурии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷафаров Н.Ҷ. ва Рӯзиев М.М.) бо гурӯҳи кории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Федератсияи Россия, ки таҳти роҳбарии директори пажӯҳишгоҳи мазкур Тотолян Арег Артемович ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Бояд гуфт, ки барои иштирок дар тадқиқоти мазкур шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба КАТС ва БМШ (муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ), дар шаҳри Ваҳдат ба КАТС ва БМШ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ), дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983