“Нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир”

“Нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир”
Август 31
16:47 2022

Имрӯз, 31 август бахшида ба Рӯзи китоб ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Нақши китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир» доир гардид.

Дар семинари мазкур ҷавонони коршиноси соҳаи китобдорӣ, директори Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» – Нодирзода Сайзароб, директори Муассисаи давлатии Китобхонаи муосири «Пойтахт» – Ҷалолиддинзода Аҳдия, мудири китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода – Гулов Саймумин, мудири китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Ҳикматов Нуралӣ, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷрояии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Гадоев Абдурасул, сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» – Толибова Назира, муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» – Саидзода Исмоил, кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар ва кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Семинари мазкурро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ» – Аминов Фирдавс бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба муассиса хайрамақдам гуфт ва ба ҷашни Рӯзи китобу 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.  Номбурда қайд намуд, ки Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ дар баробари гирдоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории адабиёти тиббӣ, инчунин ҷиҳати таъмин намудани талабу дархости хонандагон ба адабиёт дар китобхона шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар семинар доир ба мавзӯъҳои «Дастоварди китобдорӣ дар замони истиқлолият», «Раванди ҷаҳонишавии фазои иттилоотии ҷомеа дар самти хадамоти китобдорӣ», «Нақши китобхона дар шаклгирии ҷаҳонбинии ҷавонон», «Нақши китобхона дар тарбияи ҷавонон», «Фаъолияти китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар даврони истиқлолият» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

Иштирокчиён доир ба китобу китобдорӣ андешаҳои худро иброз намуда, ҳамзамон, аз тариқи баҳсу муколама ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 683
  • 1,242
  • 949,703