Нақши Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар рушди тибби оилавӣ назаррас аст

Нақши Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар рушди тибби оилавӣ назаррас аст
Сентябр 23
17:28 2022

Дар доираи фаъолияти бомароми Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ фаъолият мебарад дар рушду нумӯи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии як қатор минтақаҳои кишвар корҳои назаррасе пиёда гардидаанд.

Агарчӣ дар тули татбиқи Лоиҳаи мазкур бо азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ корҳои назарраси зиёде пиёда гардиданд. Дар солҳои охири фаъолияти Лоиҳа таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта ва бо таҷҳизоти муоссири тиббӣ таъмин намудани онҳо аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Дар солҳои охири татбиқи Лоиҳа таъмири кулии марказҳои саломатӣ  дар якчанд ноҳияҳои таҷрибавӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо лавозимоти муосири тиббӣ  бомаром идома доранд.

Зимни боздид аз корҳои таъмирии анҷомёфтаи як зумра   марказҳои саломатӣ аз ҷумла; МСД-ҳои ноҳияҳои Кӯшониён,   Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муаян гардид, ки корҳои  таъмирӣ дар сатҳи хуб ба анҷон расонида шудаанд.

Аз ҷумла Маркази саломатии деҳоти  Якатут, Гулобод, Ғалаба, Баҳори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва  Марказҳои саломатии деҳоти   Куган Гулов, Уртабут, Навбаҳорӣ ноҳияи  Кушониёни вилояти Хатлон аз таъмири куллӣ бароварда шуда, омодаи фаъолият ҳастанд. Ҳамзамон муассисаҳои мазкур бо як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабилӣ; таҷҳизоти лабараторӣ, ЭКГ, асбобҳои хурди хирургӣ, ҳуҷраи занона, ҳуҷраи хатна ташкил ва таъмин карда шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар боқимонда марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур таҳти сарпарастии Лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Бояд гуфт, ки тули фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар низоми муассисаҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияҳои пилотӣ тағироти куллӣ ба миён омада, корҳои сохтмониву муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббии зери сарпарастии Лоиҳаи болозикр қарордошта бомаром идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740