Нақши мутахассисони ҷавон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат

Нақши мутахассисони ҷавон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат
Июн 18
09:43 2020

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд: “Имрӯз дар кишвар расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд”.

Ҳифзи иҷтимоии мардум, бахусус пиронсолон, маъюбон, кӯдакони  ятиму бесаробонмонда яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тадбирҳо ва барномаҳои иҷтимоии имрӯзҳо амалишаванда кафолат медиҳанд, ки ин табақаи аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, давлату ҷомеа нисбат ба онҳо ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намоянд. Бояд изҳор намуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат тадбирҳои аҳамияти стратегидошта андешида ва қабул шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд имтиёзу кафолатҳои давлатиро тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Ҳамаи имтиёзу кафолатҳо барои категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд кафолату имтиёзҳоро муқаррар намудаанд, аз инҳо иборат мебошанд: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ветеранҳо”, “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №244 “Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд”, аз 30 июни соли 2007, №353 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои таъин ва пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат”, аз 03 майи соли 2010, №232 «Дар бораи Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16- сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд», аз 13 декабри соли 2012, №724 “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ”, аз 4 октябри соли 2013, №644 “Дар бораи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 3 июли соли 2014, №437 “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат”, аз 28 октябри соли 2016, №455  “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, аз 21 июни соли 2018, №328 “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2018-2020”, аз 4 октябри соли 2019, №489 “Дар бораи Тартиби  хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда”.

Аз қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии батасвибрасида бармеояд, ки тавассути онҳо барои ба имтиёзу кафолатҳо фаро гирифтани категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд заминаи мусоид барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, кӯмакҳо ва дигар шаклу намуди кафолату имтиёзҳо аз ҷониби давлат фароҳам оварда шудаанд.

Имрӯз дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 110 адад шабакаи хизматрасонии иҷтимоӣ бо шумораи 3257 нафар кормандони иҷтимоӣ ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла 7 адад муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва маъюбони бемориҳои руҳию асаб, 3 адад марказҳои тавонбахшӣ барои маъюбон, 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, 1 адад Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ шаҳри Душанбе” бо филалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, 6  адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии ба пиронсолону маъюбони  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 42 адад марказҳои маҷмуавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, 42 адад шӯъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки ба пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматҳои  гуногуни иҷтимоӣ мерасонанд.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи иҷтимоии ҷомеаро пеш аз ҳама захираҳои кадрӣ муайян менамоянд. Аз дараҷаи касбияти нерӯи асосии захираҳои кадрӣ ва фаъолнокии онҳо самаранокии татбиқи қонунгузории соҳавӣ ва раванди ислоҳоти бахши иҷтимоии кишвар вобастагӣ дорад. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 5 ҳазор кормандон фаъолият доранд, вале аксарияти онҳо мутахассиси соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ намебошанд.

Боиси хушнудист, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ сол аз сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмултар шуда истодааст. Ташаккул ва рушди кори иҷтимоӣ дар мамлакат эътибор ва самарабахшии он бештар аз таъминоти кадрӣ бо мутахассисони соҳибкасб ва ҳозиразамон вобастагӣ дорад.

Дар паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 қайд шуда буд, ки: “масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд”.

Бо ин мақсад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, мутахассисони “Кори иҷтимоӣ”-ро бо таҷрибаомӯзӣ ва бо кор таъмин намуда истодааст. Банда хатнамудаи ихтисоси “Кори иҷтимоӣ”-и факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  буда, имрӯз ҳамчун  мутахассиси ҷавон дар татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор ва фаъолият намуда истодаам.

Қайд намудан ба маврид аст, ки кори иҷтимоӣ ихтисоси хеле  инсондӯстона маҳсуб ёфта, аз соҳибкасб меҳру муҳаббати хоса доштанро нисбати ниёзмандон тақозо менамояд. Боиси зикр аст, ки имрӯз факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси “Кори иҷтимоӣ” корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар тӯли 7 соли фаъолияташ аллакай 320 (аз онҳо 72 нафар буҷавӣ) нафар мутахассисонро ба бозори меҳнат ворид намудааст.

Айни ҳол  танҳо дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 нафар хатмкунандагони ихтисоси мазкур дар татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳми хешро гузоштаанд. Ҳамзамон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ хатмкунандагони ин  соҳаро дастгирӣ ва ҷиҳати бо кор таъмин гардиданашон мусоидат намоянд.

Мо мутахассисони ҷавони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар навбати худ кушиш ба харҷ медиҳем, ки бар ивази ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳнати содиқона анҷом дода, баҳри тақвияти нерӯи касбӣ ва донишу малакаи худ беш аз пеш сайъу кӯшиш намоем.

 Сафаров Д. С., сардори Шӯъбаи хизматрасонии  иҷтимоӣ дар муассисаҳои

будубоши доимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 692
  • 1,242
  • 949,712