Нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид

Нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид
Июн 11
14:14 2021

Имрӯз, 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст субҳи барвақт иштирокдорони ҳамоиш дар пояи ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино гулчампар гузошта, аз дастовардҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино ёдрас шуданд.

Дар идома иштирокдорони ҳамоиш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, дар кори ҳамоиш бобати дастоварҳои илмиву амалии соҳаи тандурустии кишвар маърӯзаҳо намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар кори ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷаҳонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода,  раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доираи васеъи фаъолони ҷавони соҳаи тандурустӣ аз саросари мамлакат, инчунин намояндагону ходимони дигар мақомоту идораҳо иштирок намуданд.

Дар кори чорабинӣ намояндагони фаъоли табибони ҷавон перомуни дастовардҳои илмиву амалии соҳаи тандурустӣ дар кишвар баромад намуда,  дар интиҳо ҷавонони фаъоли соҳавӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ  гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 638
  • 1,242
  • 949,658