Дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ Маркази хадамоти тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Ин нахустин маркази хусусии тиббӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, аз 6 ошёна, 11 ҳуҷра барои табобати беморон, 8 утоқ барои ташхиси тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш, маҷлисгоҳу таълимгоҳ иборат аст.
Соҳибкори маҳаллӣ Шафоат Ватаншоева, ки бунёди ин беморхонаро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, ки «чанд соли охир Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Соҳибкороне, ки ба тавлиди корхонаи истеҳсолӣ машғул мешаванд, ҳангоми интиқоли таҳҷизоти техникӣ аз имтиёзҳои хуб бархӯрдор мегарданд».
Шафоат Ватаншоева бар он назар аст, ки дар бунёди ин беморхона ба ӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят кумаки беандоза расонданд.
Маркази хизматрасонии тиббӣ дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, занона, бемориҳои дарунӣ, гӯш, бинӣ, гулӯ буда, тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Ба гуфтаи Шафоат Ватаншоева, мутахассисони марказ ба интихоб ва интиқоли таҷҳизоти тиббӣ барои ташхисгоҳ аҳамияти хос доданд. Зеро бидуни ташхиси дақиқ табобати комил ғайриимкон аст.
«Аксари дастгоҳҳое, ки дар ташхисгоҳ васл карда шуданд, назирашон дар ягон муассисаи тандурустии вилоят вуҷуд надорад. Аз ин рӯ он бемороне, ки барои ташхис ва муайян кардани беморӣ ба шаҳри Душанбе сафар менамуданд, акнун бидуни хароҷоти иловагӣ аз ташхис гузашта, дар худи марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд»,-зикр кардааст Шафоат Ватаншоева.