Нахустин пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бо муваффақият анҷом дода шуд

Нахустин пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бо муваффақият анҷом дода шуд
Июн 28
11:07 2017

Имрӯз дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон нахустин амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд. Шӯъбаи пайванди мағзи устухон, ки дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин Марказ ба кор шурӯъ кард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ нахустин буда, бо таҷҳизоти муосири пайвандсозӣ, ки истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонида шуд.  Тавассути ин дастгоҳи махсус (спектр оптия) ҳуҷайраҳои бунёдие, ки аз бемор ё хешовандони ӯ гирифта мешаванд, барои муолиҷаи минбаъда ҷудо карда мешавад.  Тавре  директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода зикр намуд, пайванди мағзи устухон нисбат ба  пайвандҳои дигар аз ҷиҳати зеҳниву техникӣ хеле мураккаб аст, зеро  барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз нафаре, ки бемории саратони хун дорад, саратон ва омосҳои дигар дорад ба воситаи асбобҳои ҳозиразамон, ки арзиши хеле гарон доранд, гирифта мешавад. Ва ин албатта бе дастгирӣ намешавад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгоҳ барои шӯъбаи навтаъсис харидорӣ ва насб карда шуд.

Имрӯз нахустин пайванди мағзи устухон дар нафари гирифтори бемории  миелома бо муваффақият гузаронида шуд.

Зикр бояд кард, ки чунин намуди амалиёт барои беморони гирифтори лейкозҳои шадид ва  хроникӣ, лимфомаҳо, миеломаҳо, анимияҳои хроникӣ пешбинӣ шудааст.

Асоси пайванди мағзи устухон  ҳуҷайраҳои бунёдие мебошанд, ки барои хунорфарӣ, яъне ҳосил кардани элементҳои хун лозиманд.  Мутахассисон қайд карданд, ки  айни замон ба нафароне, ки гирифтори чунин бемориҳо ҳастанд аз ҳуҷайраҳои худашон гирифта, ба онҳо пайванд мекунанд ва  ба онҳо умри дубора мебахшанд. Қадами якуми мо  гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз худи бемор ва қами дуюм гирифтани ин ҳуҷайраҳо аз хешовандон аст, – зикр намуд Исмоилзода.

Ҳуҷайраҳои бунёдӣ  аз мағзи устухони шахси бемор ба воситаи дастгоҳи махсус ҷудо карда, гирифта мешаванд. Баъдан ба бемор кимиёдармонии шадид гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи он ҳучайраҳои  бемор ва омосҳо ба пуррагӣ нобуд карда мешаванд. Пас аз он ҳамин ҳуҷайраҳои коркардкардашудаи фаъолу солим  аз нав ба организми бемор ворид карда мешванд, ки сабабгори шифои  маризӣ мегардад.

Ин иқдом яке аз дастовардҳои воқеан чашмраси  тибби тоҷик буд, ки дар натиҷаи фаъолияти якҷояи Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бо мутахассисони варзидаи тоҷик, устодону проффесорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар самти  техникӣ, зеҳнӣ ва илмӣ ба даст омад. Ҳамзамон таҷрибаи хуби мутахассисони марказ, ки дар кишварҳои муттараққие чун Олмон, ИМА, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии исломии Эрон ихтисоси худро такмил додаву таҷриба омӯхтанд, мусоидат намуд.       

Боварӣ дорам, ки ин шакли пайвандсозӣ низ мисли пайванди гурда ва пайванди ҷигар бо муваффақият ба роҳ монда мешавад, – мегӯяд  Исмоилзода Саидмаҳмуд, директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон.

Ёдовар мешавем, Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, то имрӯз дар ин марказ аз тарафи мутахассисони тоҷик  беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шуд.  Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон ва Ҷумҳурии Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шуданд. 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 672
  • 1,242
  • 949,692