Насим Олимзода; “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”-ин сухани Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон шиори кулли кормандони мост!

Насим Олимзода; “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”-ин сухани Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон шиори кулли кормандони мост!
Феврал 09
13:55 2018

“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст!”- ин нуқтаро Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд. Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои кормандони кулли соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиор дар фаъолияти минбаъда дониста шуд. Ин нуқтаро имрӯз вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Насим Олимзода зимни баргзории нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Маврид ба таъкид аст, ки нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар бинои вазорат бо ҳузури доираи васеъи намонядагони ВАО, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар оғози нишасти хабарӣ  Насим Олимзода аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасаран ҳисобот дода, аз ҷумла иброз намуд, ки; “Ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди заминаи таърихи навини Тоҷикистон, таҳкими пояи сулҳу амнияти миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои хоси  тоҷикон беназир буда, таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ҳар як самти сиёсати давлатӣ, рушду такомули ҳаёти мардум, пешбурди илму маърифат ва танзими муносибат дар ҷомеа аз ғамхорию меҳрубонии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардидааст, барои беҳдошти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самараноки табибон дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар зиёд гардидааст. Дар соли 2017 низ мисли солҳои пешин корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонӣ, бозомӯзи ва танзими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ идома ёфта,ҷиҳати беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ, аз ҷумла паст шудани фавти модарону кӯдакон, кам гардидани шумораи маъюбӣ ва вусъат ёфтани  солимгардонии маъюбон, дар сатҳи мӯътадил қарор гирифтани вазъи бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, тавассути обгузаранда, бо ваксина идорашаванда, беморшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам,  тамоюли устувори коҳиш ёфтани бемории сил, мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии инфрасохтори тандурустӣ, вусъат ёфтани татбиқи усулҳои нави ташхису табобат,хусусан дар самти пайвандсозии узвҳо ва ҷарроҳии дилу рагҳо, ба роҳ мондани ташхиси бемориҳои ирсӣ тавассути муассисаҳои тандурустии дорои мутахассисони ихтисосманди соҳавӣ ва тамоми таҷҳизоти муосири гаронарзиш ва фароҳам овардани тамоми имконияту шароитҳои пешгирӣ намудани эҳтимолияти таваллуди навзодон бо нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бо ин мақсад кам намудани шумораи маъюбони аз никоҳҳои хешу таборӣ таваллудшуда, масъалаҳои муайян намудани падарӣ, дарёфти бармаҳали бемориҳои ирсиву авлодӣ дар дохили кишвар, инчунин, истеҳсоли воситаҳои тавонбахшӣ ва беҳтар шудани дастрасии ниёзмандон ба онҳо, таъминоти амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тавассути ваксинатсия ва пурзӯр намудани назорати давлатии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, хусусан назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар самти рушди механизми воридоти маводҳои дорувории баландсифат ва танзими нархи онҳо тавассути такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, ҷиҳати воридоти маҳсулоти хориҷӣ дар баробари зиёд намудани истеҳсолоти маводҳои ватанӣ ва молҳои содиротию воридотивазкунанда  гардиданд. Мавриди зикр аст, ин дастовардҳо маҳз бо дастгирию кӯмаки бевоситаи Президенти мамлакат дар ҳамасола зиёд намудани маблағгузории соҳа имконпазир гардида, дар натиҷа имрӯз шумораи беморони барои ташхис ва табобат ба кишварҳоихориҷӣ рафта коҳиш ёфта, дар баробари он ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои дигар ба муассисаҳои тандурустӣ дар ҳудуди кишвари мо зиёд шуда истодааст.  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки вазорат ба қадри имкон баҳри иҷрои вазифаҳои дар соли 2017 вогузоргардида чораҳои заруриро андешида, бо кӯмаку дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шарикон оид ба рушд корҳои муайянро анҷом дод”.

Насим Олимзода ҳамзамон дар баромади хеш вобаста ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ гуфт;   “Дар самти таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар соли 2017 «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он заминаи ҳуқуқии фаъолияти соҳаро мукаммал гардонид. Дар асоси ин Кодекс айни замон зиёда аз 150 зерсанадҳои соҳавӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 6 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар бораи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тасдиқ карда шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои алоқаманд вазъи вогирии бемориҳои сироятиро мӯътадил нигоҳ дошта, шумораи нафарони гирифтори ин бемориҳо ба маротиб коҳиш ёфтанд.

Аз он ҷумла, сатҳи беморшавӣ бо домана, вараҷа ва бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда тамоюли устувори пастшавиро доранд.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2017 нишон дод, ки бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашуда, ҳамзамон дар соли 2017 нишондиҳандаи бемориҳои тавассути об гузаранда, бо ваксина идорашаванда нисбат ба соли 2016 паст буда, аз натиҷаи чорабиниҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ гувоҳӣ медиҳад”.

Насим Олимзода  инчунин вобаста ба    беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ гуфт ки; “Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш усулҳои нави табобати ба дастовардҳои тибби муосир асосёфта табобати бемориҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд  (нуқсонҳои модарзодии дил ва тарбодӣ, бемориҳои вазнини шабакияи чашм, гурда ва ҷигар, амалиётҳои ҷарроҳии алоими метаболикӣ дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 2, дар дилу рагҳо, аз он ҷумла ангиография, стентгузорӣ, шунтикунонӣ, пайвандсозии гурда, ҷигар).

Мавриди зикр аст, ки дастгоҳи эндовидеоҷарроҳии асаб харидорӣ гардида, айни замон дар ҷумҳурӣ гузаронидани амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ дар сутунмӯҳра идома дорад.

Аз ҷумла, дар соли 2017 бори аввал дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3 нафар беморон амалиёти пайвандсозии мағзи устухон дар шӯъбаи навтаъсиси дорои таҷҳизотҳои муосир гузаронида шуд. Дар соли 2017 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳӣ ҳангоми хунрезии майнаи сар гузаронида, айни замон онҳо натиҷаҳои мусбӣ дода истодаанд.

Ҳамзамон дар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иваз намудани буғуми зону ба буғуми сунъӣ низ роҳандозӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки саҳми олимони тиб дар рушди соҳа назаррас гардида, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ аз ҷониби онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ 87 намудҳои ҷарроҳӣ анҷом дода шудаанд, ки қаблан чунин ҷарроҳиҳо дар кишварамон роҳандозӣ намегардиданд.

Танҳо дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара зиёда аз 40 намудҳои ҷарроҳӣ бори аввал роҳандозӣ карда шуданд.

Дар соли 2017 барои чорабиниҳои зиддисилӣ зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетию инвеститсионӣ барои харидории дорувориҳо, асбобу таҷҳизотҳо ва омӯзиши мутахассисон масраф карда шудаанд. Дар соли сипаригардида аз ҷониби гурӯҳи бонуфузи коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷараёни татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавриди омӯзиш қарор гирифта, натиҷаи он ҳамчун намунаи ибратбахши  амалисозии барномаҳои миллӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид.

Яке аз чораҳои ҳатмии пешгирии бемориҳои бо ваксинаи дорашавандаи нтаъминот бо ваксина мебошад, ки дар ин самт як катор мушкилотҳо оиди дарёфти маблағҳо барои хариди ваксинаҳо вуҷуд доштанд. Дар соли 2017 ин мушкилот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия тавассути ҷалби гранти нав ба маблағи зиёда аз 9 миллион доллари амрикоӣ ҳалли худро ёфт. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси қарорҳои алоқаманд дар давраи ҳисоботӣ Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ ва Рӯзҳои миллии иммунизатсия баргузор гашта, зиёда аз 98% фоизи кӯдакон бо иммунизатсияи мақсаднок фаро гирифта шуданд. Дар ин марҳила ҳамаи мутахассисони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар сатҳи миллӣ дар даврҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак”, “Таҳия ва татбиқи Нақшаи миллӣ доир ба устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ”, “Бартараф намудани бӯҳрони коммуникатсионӣ дар давраи гузаронидани иммунизатсия” омӯзонида шуданд.

Дар соли 2017 бо назардошти то ҳол зиёд будани тавлиди кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф дар асоси супориши Сарвари давлат ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва дар ин замина паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар маҷмӯъ дар муассисаҳои тандурустии кишвар дар соли 2017 208 096 занони ҳомила аз ташхиси ултрасадо гузаронида, 1380 нуқсонҳои дохилибатнии тифл дар давраи барвақти ҳомиладорӣ дарёфт гардида, ҳомиладории 729 нафар (53%)  қатъ карда шуд, яъне ин омил боиси пешгирии таваллуди 729 кӯдакони маъюби модарзод гардидааст”.

“Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои рушди тибби хусусӣ кор дар самти танзими фаъолияти тибби хусусӣ идома дошта, айни ҳол 681 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (380 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 55 филиал ва 301 адад шахсони воқеӣ) фаъолият менамоянд. Тибқи бастҳои воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1 586 нафар табибон, 1 492 нафар кормандони миёнаи тиб ва 855 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3 933 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд. Дар айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 25 нафар мутахассисони бурунмарзӣ, аз ҷумла 5 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 8 нафар табибон ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, 4 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 3 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Дания, 1 нафар аз Норвегия ва 2 нафар аз Федератсияи Россия ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд”-гуфт Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти хабарӣ, ҳамзамон роҷеъ ба тақвият додани нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ гуфта шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон ва тақвият додани нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ низ як қатор чораҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати бартараф  намудани норасоии табибон дар маҳалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кор идома дода шуд.

Айни ҳол дар муассисаҳои тиббии кишвар 18 044 табибон ва 49 434 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нисбат ба соли пешин мутаносибан 4% (ё 692 нафар) ва 14,7% (ё 6082 нафар) зиёд мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, вазорат норасоии табибон (4243 нафар) ва кормандони миёнаи тиббиро (2466 нафар) ҳамчун масъалаи мубрам ҳисобида, барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Соли 2017 бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ 10 800 нафар мутахассисони тиббӣ дар дохили кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Ба ғайр аз ин, ҷиҳати татбиқи технологияҳои муосири тиббӣ дар амалияи тандурустӣ 174 нафар табибон дар муассисаҳои илмию таълимии 23 кишварҳои хориҷӣ дар курсҳои омӯзишии дахлдор омӯзонида шуданд.

Албатта ба раванди мусбии афзоиши кадрҳои тандурустӣ зиёдшавии шумораи ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва зиёд шудани нақшаи қабул дар муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат мусоидат намуд.

Насим Олимзода зимни суханронии хеш дар нишасти матбуотӣ вобаста ба солимгардонии маъюбон гуфт; “Яке аз масъалаҳои муҳими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин муқаррар намудани маъюбӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад. Дар соли сипаригардида бо мақсади таъмини шаффофият,  вусъат додани ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва чораҳои солимгардонӣ муоинаи 37900 шаҳрвандон гузаронида, аз инҳо 8140 нафар бори нахуст ва 29347 нафар такроран муоина шудаанд. Дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонӣ маъюбии 4353 нафар қатъ карда шуд. Дар соли 2017 ба масъалаҳои таъминоти маъюбон ва дигар ниёзмандон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, фаъолияти Корхонаи  давлатии “Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб”, ки дар он зиёда аз 100 нафар коргарон  фаъолият доранд, низ тақвият бахшида шудааст. Соли сипаригардида нақшаи истеҳсолии корхона дар якҷоягӣ  бо филиалҳояш  125 фоиз иҷро гашта, дар маҷмӯъ ба маблағи 3 миллиону 738 ҳазору 25 сомонӣ  маҳсулот истеҳсол  карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2017 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷалби соҳибкорон ва ҳамкории судманд бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120 муассисаҳои тиббӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион сомонӣ таъмир карда, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардиданд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли 2017 5 иншоотҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор дода шуданд.

Новобаста аз ин, дар кишвар айни ҳол вазъи бунгоҳҳои саломатӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Вазорат дар самти сохтмони иншоотҳои тандурустию иҷтимоӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва пешниҳод намудааст. Вазорат ҷиҳати дарёфти манбаъҳои алтернативии маблағгузорӣ дар самти сохтмони иншоотҳои тандурустию иҷтимоӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва пешниҳод намудааст.

Дар соли 2017 дар доираи ҳамкориҳои вазорат бо ташкилотҳои байналмилалӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зиёда аз 27 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шуд.

Дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷа бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба имзо расиданд. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки соли 2017 сафари ҳайати баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарзамини Қатар ва Ҷумҳурии Арманистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонида, бо мақсадирушди ҳамкориҳоибайналмилалӣ дар баробари як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байниҳукуматӣ “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” ва “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” ба имзо расиданд, ки барои равнақ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ байни ин кишварҳои дӯст ва бародар мусоидат менамояд.

Танҳо дар соли 2017 бо ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият менамоянд, зиёда аз 20 шартномаю созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуда, нақшаҳои кории фаъолияти якҷоя таҳия ва тасдиқ шудаанд.

Вазорат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори ҳар як корманди соҳа карда, барои  иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми имсола баёнгардида, аз ҷумла ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими арзиши доруворӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин, дар самти таъмин намудани самаранокии пешниҳоди кӯмаки унвонӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намояд.

Дар баробари ин, тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар воқеан камбудию мушкилиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб зиёд буда, хусусан дар самти беҳтар намудани сифати нерӯи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, назорати қатъии сифати дорувориҳо, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд”.

Дар нишасти хабарӣ, пас аз ҳисоботи мухтасари Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти солонаи ин ниҳод,  инчунин доираи васеъи намояндагони ВОА ба суолҳои худ аз роҳбарияти вазорат посухҳои муфассал ва қонеъкунанда гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 711
  • 1,242
  • 949,731