Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Январ 18
09:45 2018

Чанде қабл  дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, инчунин   бо  иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии солимии репродуктивӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ ҳисоботи солонаи Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байён гардида, ҳамзамон вазифаҳои ин ниҳод дар соли 2018 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Чорабинии мазкурро Саида Умарзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш гуфт; “Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фавти модарон 1,8 ва  фавти кӯдакон 2,7 маротиб паст гардидааст”.

Мунира Ғанизода директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ниҳодро дар соли 2017 бо маърӯзаи муфассал баён намуда, зимни  баромади хеш аз ҷумла иброз намуд, ки Маркази  миллии  солимии  репродуктивӣ  ҳамчун  муассисаи  роҳбарикунанда  дар   зертобеи  худ  85  муассисаҳои  солимии репродуктивии вилоятию шаҳрию  ноҳиявиро  дар  бар  мегирад. Дар  соли  2016 аз анбори Маркази миллии солимии репродуктивӣ 8 намуд маводҳои пешгирандаи ҳамли номатлуб ба марказҳои солимии репродуктивии  ҷумҳурӣ   дастрас  гардидаанд. Дар  натиҷа  тамоми  Марказҳои солимии  репродуктивии шаҳрию ноҳиявӣ бо  8  намуд  ва  60%  муассисаҳои  сатҳи  деҳот  бо  3 намуд  маводҳои  пешгирандаи  ҳамли  номатлуб  таъмин  шудаанд.

Дар чорабинии мазкур вобаста ба таъмини сиҳатии модарон гуфта шуд, ки;  “тибқи   нақшаи миллии  чорабиниҳо  оид  ба  таъмини ҳифзи  саломатии  модарон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  давраи  то  соли 2017, назорати  антенаталӣ  пурзур  карда  шуда, бо  мақсади беҳдошти сифати  назорати антенаталӣ ва таъмини  кӯмаки  ташхисию  табобати сифатнок  ва  дастрас ба  муассисаҳои сатҳи деҳот  ва  минтақаҳои дурдаст  25367340  дона  ҳабҳои  сулфати  оҳани  туршии  фолатдошта   дастрас  карда  шудааст”.

Мунира Ғанизода зимни баромади  хеш ҳамзамон иброз намуд, ки “дар самти солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониши наврасон оид ба тамоми ҷанбаҳои солимии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ, кӯмак расонидан ба онҳо дар рушди малакаҳои ҳаётӣ барои ҳалли қаноатбахш ва масъулиятнокӣ,  баҳри беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба ҷавонону ноболиғон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона “Тартиби хизматрасониҳои тиббӣ ва машваратдиҳӣ дар соҳаи солимии репродуктивии ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои хатар” таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ гардидааст. Бо дастгирии Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дар заминаи марказҳои  солимии репродуктивии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 21 адад шӯъбаҳои тиббӣ-машваратии ҷавонон таъсис дода шуд, ки айни ҳол фаъолият доранд. Шӯъбаҳои мазкур бо маводҳои пешгирандаи ҳамл, мавод ва дорувориҳо барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои бо воситаи алокаи ҷинсӣ сироятшаванда ва маводҳои иттилоотӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмиллалӣ таъмин шудаанд”.

Ҳамзамон дар самти тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  пешгирии  зӯроварӣ дар оила» гуфта шуд, ки   баҳри  амалисозии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  пешгирии  зӯроварӣ дар оила»    ва  «Барномаи   давлатӣ  оид ба   пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила  дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2014-2023»  дар  соли  ҷорӣ  дар  8 ҳуҷраҳои  занони  аз  зӯроварӣ  ранҷкашида  ба 122 нафар хизматрасонии  тиббию  равонӣ  расонида  шуд.

Дар охири чорабинӣ ҳамзамон   мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ оиди солимии репродуктивӣ, танзими оила, масъалаҳои гендерӣ ва дигар масоили мубрами рӯз дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 918
  • 1,242
  • 949,938