Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи вазорат

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи вазорат
Октябр 13
10:15 2021

12 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар 9 моҳи соли 2021 ва нақшаҳо барои то охири соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти вазорат дар 9 моҳаи соли равон ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки дар ин давра фаъолияти тамоми сохторҳои зертобеи вазорат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ равона карда шуда, дар ин самт як  қатор дастовардҳои муҳиму назаррас ба даст омаданд.

Дар ин давра ба мақсади беҳтар намудани заминаи ҳуқуқии хизматрасониҳои тиббӣ тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ, Тартиби бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ таъмин намудани кӯдакон, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният барои солҳои 2021-2025, Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантинӣ, Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он барои солҳои 2022-2027 тасдиқ гардиданд.

Инчунин, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026 ва “Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд”, дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баррасӣ қарор доранд.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтар, корхонаи «Ориё – Медикал» дар шаҳри Душанбе, «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и ноҳияи Данғара, бинои Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ноҳияи Данғара Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва Маркази барқарорсозии «Нури тиб», дар шаҳри Ҳисор ҶСК «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ», Маркази тандурустии “Ваҳдат” дар ноҳияи Кӯшониён ва шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон,  Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” дар шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Боиси хушнудист, ки Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён моҳи июни соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, бо таҷҳизоти нави замонавии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 фаъолият дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат рушд ёфта, дар соҳаи саратоншиносӣ ҷарроҳии узвнигоҳдорандаи гурдаи ягона, резексияи омоси гурди ягона, панкреатэктомияи тоталӣ ҳангоми саратони ғадуди зери меъда, ворид намудани эндопротезҳои онкологӣ ҳангоми омосҳои бадсифати устухони рон ва буриши думарҳилавии ҷигар ҳангоми саратони ҷигар, дар беморони гирифтори бемориҳои чашм ташхисгузорӣ бо истифодаи томографияи когерентии оптикӣ, биометрияи когерентии оптикӣ  барои ташхиси бемории чашмпарда,  лазери диодии сабз,  усули нави ворид намудани зуҷоҷияи дохилии чашм дар ҳавзаки қафо бо маҳкам намудан дар сулбияи чашм,  гузоштани зуҷоҷияи сунъӣ дар дохили чашм бе гузоштани дарз ҳангоми бемориҳои наздикбинии дараҷаи баланд, имплантатсияи зуҷоҷи сунъии манфии дохили чашмӣ дар кӯдакон ҳангоми бемории анизометропияи наздикбинӣ истифода карда шуданд.

Бо мақсади паст намудани бемориҳои роҳҳои пешоброн дар байни кӯдакон дар “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ба кӯдакони гирифтори бемориҳои роҳҳои пешобгузар усули технологияи муосири амалиётҳои ҷарроҳии уретерокутанеостомия, нефростомаи пунксионӣ, уретропластика бо усулҳои Брокк, Снодгросс, геминефруретерэктомия ворид карда шуданд.

Ҳамзамон, табобати комплексии артрозҳо бо истифодаи видеоартроскопия ва ҷарроҳиҳои декомпрессионӣ бо муруватҳои махсус, беҳтаркунии тармими устухон бо истифодаи якҷоя бо усулҳои нави ксенопластика бо технологияҳои ҳуҷайрадармонӣ ва эндопротезкунӣ ҳангоми ҷарроҳии баромади модарзодии сараки ронҳо ҳамчун усулҳои нави табобат ба роҳ монда шуданд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳа дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ мондани эндопротезкунонии буғумҳо мебошад. Аз ҷумла дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 66 нафар амалиёти эндопротезкунонии буғумҳо гузаронида. Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар маҷмӯъ дар вилоят ба 31 нафар чунин амалиёт гузаронида шудааст.

Бо мақсади ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтани кормандони соҳа дар ин давра як қатор корҳои муҳиму назарра ба  анҷом расонида шуданд. Махсусан, давоми 9 моҳи соли равон дар муассисаҳои таълимию илмии зертобеи вазорат 8858 нафар ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 1757 нафар зиёд мебошад.

Тибқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 марти соли ҷорӣ бо ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок оғоз гардида, то ҳол идома ёфта истодааст.

То ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути Механизми байналмилалии COVAX ва кӯмакҳои башардӯстона 5 186 800 вояи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Пфайзер” ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудааст.

Бо истифода аз ваксинаҳои ба ҷумҳурӣ воридшуда то 10 октябри соли ҷорӣ аз шумораи умумии бақайдгирифташудагон, яъне 5826301 нафар 43,1 фоиз ё баробар ба 2 513950 нафар бо вояи якум фаро гирифта шуданд. Аз ҳисоби умумии фарогирифтагон бошад, бо вояи дуюм ҳамагӣ 2011987 ё баробар ба 80,0 фоиз ва нисбат ба аҳолии мақсаднок бошад, 34,5 фоиз фаро гирифта шуданд.

Айни замон дар муассисаҳои статсионарии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1201 нафар бошандагон, (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 нафар зиёд мебошад) аз ҷумла 628 нафар мард, 469 нафар зан ва аз инҳо 104  нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум – 274 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 648 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 15 нафар мебошанд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои будубоши доимии соҳа 20 нафар ятимони кул, 27 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 52 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд. Ба бошандагони ин муассисаҳо 724 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Дар ҳамин асно, баҳри ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо ва маъюбони ниёзманд дар миқёси ҷумҳурӣ  43 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 823 нафар кормандон, аз ҷумла 590 нафар  кормандони иҷтимоӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба 5364 нафар, ки аз инҳо 4463 нафар пиронсолону маъюбон ва 901 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд,  хизматҳои  иҷтимоӣ- маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, машваратӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати ҳарчӣ бештар расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки ҷамъ 230 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми нуҳмоҳаи соли равон ба 986 нафар пиронсолону маъюбон ва 70 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ ба 21259 нафар хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст. То 30 сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияои ҷумҳурӣ парвандаҳои 142 875 муроҷиаткунанда қабул гардида, аз ин маълумоти 140 232 хонавода ба системаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ворид карда шуда, шумораи гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ бо назардошти гирандагони кӯмакпулии соли гузашта  232 366  нафар (оила) мебошад, ки фоизи фарогирии хонаводаҳо 15,8 %-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ хароҷоти маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат 72,7 сомониро ташкил медиҳад.

Масъалаҳои таъмин намудани маъюбони эҳтиёҷманд бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар ин давра дар корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш ба маблағи 3465800,00 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар асоси дархостҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фармоишоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниёзмандон 1202 – аробачаи маъюбӣ, 966 – асо, 161 – асо барои нобиноён, 435 ҷуфт асобағал,  147 – асобағал то оринҷ, 100 – дастгоҳи шунавоӣ, 88 – роҳгардак (ходунок), 30 – пурбин, 49 – курси барои ҳоҷатхона, 31 – курси барои ҳаммом, 40 – айнак дастрас гардонида шудааст.

Дар идомаи суханронии хеш  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои дигари соҳа, муваффақият ва дастдовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта низ баромад намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон, Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба фаъолияти хеш маълумот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763