Дар Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо иштирок намуданд.
Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода доир ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Тавре зикр гардид, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли сокинони кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ба шумор меравад, зеро дар он тамоми бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи кишвар дарҷ гардида, моро барои расидан ба ҳадафҳои бузурги дар пеш истода раҳнамун месозад.
Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев доир ба фаъолияти раёсат дар соли 2021 баромад намуд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ба тамоми масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.