Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи вазорат

Январ 03
14:18 2020

Имрӯз, 3 январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон-“Шифобахш” доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2019 ҷаласаи ҳисоботии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, мавсуф аз дастовардҳои мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 сухан ронд. Ӯ қайд намуд, ки соли сипаригашта барои мардуми шарафманди кишвар соли муваффақият ва бурдборӣ маҳсуб меёбад.

Инчунин, зикр карда шуд, ки дар соли 2019 бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор гӯшаву канори мамлакат марказҳои зиёди саломатӣ бунёд ва ба истифода қарор гирифтанд, ки дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми Сарвари давлат санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мушклоти соҳа ироа гаштанд, бори дигар ёдовар шуда, иброз намуд, ки мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари муаззами миллат аз пештара бештар фаъолияти пурсамар дошта бошем ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар аз таҳти дил заҳмат кашем.

Дар идомаи ҷаласа Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти  яксолаи вазорат маълумоти муфассал дод.

Қайд гардид, ки имсол чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20-солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шарҳи якҷояи соли нуҳӯми татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” (САММИТ – 9) гузаронида шуданд.

Тақвият бахшидани сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки ба 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 19085 ва 53991 нафарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 20,9 ва 59,1 – ро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои то соли 2030 таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа равон карда шуд ва Қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар соли 2019 давом дода шуд. Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 682 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 46 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, ҳамчунин ба 114 нафар бемор (соли 2018 – 116 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 11 нафар (соли 2018 – 10 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхиси ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвадсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 78 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар соли 2019 дар муассисаи мазкур ба 17 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

 Дар ин давра дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмӯъ 1732 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2018 – 1626), 1727 амалиёти ангиография (дар соли 2018 – 1423) ва 601 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2018 – 387), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат, дар соли 2019 ба 198 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2018 – 182) гузаронида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд. Дар баробари ташхису муоина ва тавсияҳои зарурӣ, мутахассисон дар байни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дошт, дар ин самт аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», бо қарори Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» маъқул дониста шуда, дар доираи Созишнома байни вазорат ва ҶДММ «Тоҷикинноватсия», ки лоиҳаи мазкурро амалӣ месозад, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ фаъолият намуда истодааст ва ҳуҷраҳои Маркази мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади пешгирӣ намудани маъюбшавӣ дар байни кӯдакон аз бемориҳои нуқсонҳои модарзодии дил аз ҳисоби Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба 156 нафар кӯдакони гирифтори бемории “Нуқсони модарзодии дил” ба таври ройгон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода дар идомаи баромади хеш ҳамзамон вобаста ба самтҳои дигари соҳаи тандурустии мамлакат, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои онҳо суханронӣ  намуд.

Дар идомаи ҷаласаи солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, вируси норасоии масунияти одам, муоширати кормандон бо мизоҷон, расонидани кӯмаки аввалияи фаврии ройгони тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, новобаста аз шакли моликияташон, аз мавзӯъҳои асосии ҷаласаи солонаи вазорат ба шумор мерафтанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои маъюбӣ баромад намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур, мушкилот ва дурнамои он  суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон- Раҷабзода М.М., Суғд-Мақсудзода Ф., ВМКБ-Фарид Музаффаров, шаҳри Душанбе-Шарифзода Х. аз фаъолияти худ дар соли 2019 гузориш доданд.

Дар идомаи ҷаласа Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода баромад намуд.

Номбурда аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода фаъолияти соҳаи тандурустии мамлакатро дар соли 2019 самарабахш ва бомуваффақият арзёбӣ намуда, ҳамзамон, иброз намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо, дар соҳа  ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд, ки баҳри бартараф намудани онҳо бояд кормандони соҳаи тандурустии мамлакат аз пештара бештар талош варзанд.

Дар охири ҷаласа қарори Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар  баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ,  аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, гузаронидани хатнаи кӯдакон ба таври ройгон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, пешгирӣ намудани воридоти маводи дорувории пастсифат, омода сохтани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, муоинаи никоҳшавандагон ва даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 717
  • 1,242
  • 949,737