Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ
Декабр 28
15:25 2021

28 декабри соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои як қатор барномаҳои соҳавӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа- иҷрои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”  дар солҳои 2020-2021 сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев баромад намуд.

Тавре зикр гардид, “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 таҳти №292 тасдиқ гардидааст. Барнома аз 5 боб ва нақшаи он аз 33 банд иборат аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози иҷрои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” муайян карда шудааст.

Баҳри иҷроиши Барномаи мазкур фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021,  №444 “Дар бораи татбиқи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” ба тасвиб расидааст, ки мутобиқи он ҳамоҳангсози Барнома Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила муайян гардидааст.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда доир ба рафти иҷрои бандҳои барномаи мазкур маълумот пешниҳод намуд.

Доир ба мавзӯи дуюм, рафти иҷрои “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023” сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияи муосир Шарипов Шайдулло ва сармутахассисони соҳавии вазорат баромад намуданд.

Тавре зикр гардид, «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676  тасдиқ карда шудаааст.

Дурнамои мазкур дар асоси тавсияҳои Ассамблеяи кулли Созмони Милали Муттаҳид, дурнамои Бюрои Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, резолютсияи Ассамблеяи кулли СММ (Ню-Йорк, соли 2011) ва дигар ҳуҷҷатҳои бунёдии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар миқёси минтақа яке аз аввалинҳо шуда қабул гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин раванд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва ҷиҳати татбиқи босамари Дурнамо, бо дарназардошти анҷом ёфтани мӯҳлати амалисозии як қатор барномаҳои миллӣ дар соли 2015, дар мувофиқа ва иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола дар ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ дар самтҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо, саратон, эндокринологӣ ва осеббардорӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, айни ҳол мавриди амал қарор доранд.

Вобаста ба рафти амалисозии «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” Қубидинов А.Ф баромад намуд.

Гуфта шуд, ки мақсади қабули Барномаи мазкур таъмин намудани бехатарӣ, сифат ва дастрасии кӯмаки трансфузионӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои нави соҳаи тибби трансфузионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазифаҳои Барнома аз такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии хадамоти хун, татбиқи технологияи муосир дар асоси таҷдиди заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани тахассуси мутахассисони хадамоти хун, рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар асоси ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалии ташкилии он ва татбиқи системаи назорати сифати маҳсулоти аз хуни донорӣ тайёршаванда иборат мебошад.

“Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шакли китоб бо миқдори 500 нусха нашр гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор, инчунин ба раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст.

Доир ба иҷрои “Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Файзалӣ Саидзода баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки ҳадафи қабули барномаи мазкур-ин пеш аз ҳама таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда,  устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Вазифаҳои “Барномаи миллии иммунопрофилактика”  нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ, нигоҳ доштани мақоми кишвар боэлиминатсияи сурхча (пешгирии гардиши вируси маҳаллии сурхча), элиминатсияи гулафшон (пешгирии гардиши вируси маҳаллии гулафшон), пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ байни кӯдакони зинда таваллудшуда, роҳ надодан ба пайдоиш ва паҳншавии ҳодисаҳои бемориигулӯзиндонак дар байни аҳолӣ, паст намудани сатҳи бемории кабудсулфа дар байни аҳолӣ,  пешгирии сироятёбии гепатити В байни кӯдакони хурдсол,  роҳ надодан ба хатогиҳои барномавии кормандони тиб, ки боиси рух додани ҳолатҳои номатлуби баъд аз иммунизатсия мегарданд, такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тибби ба иммунизатсия вобасташуда бо роҳи гузаронидани омӯзишҳои даврии ҳарсола оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика ва ҷорӣ намудани навовариҳои соҳаи иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ барои кормандони тиб мебошад.

Бояд гуфт, ки Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур  аз 5 банду 27 зербанд иборат мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар самти татбиқи барномаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 677
  • 1,242
  • 949,697