1 октябри соли равон дар меҳмонхонаи Серена воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода роҳбарӣ намуда, дар кори он намояндагони баландпояи ташкилотҳои Байналмиллаливу минтақвӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид шуд, ки рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз василаи мувафақ дар таҳкими пешбурди кор ва хизматрасонии босифати тиббӣ маҳсуб меёбад.
Дар кори ҷамъомад ҳозирин бобасти рушди фаъолият дар татбиқи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд.