Натиҷагирӣ аз рафти корҳои анҷомдодаи табибони Полша дар Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз рафти корҳои анҷомдодаи табибони Полша дар Тоҷикистон
Июн 14
18:31 2020

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, санаи 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар  пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 ба Тоҷикистон   ташриф оварда буданд.

Дастаи мазкур ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ шуда,  то ба имрӯз аз рафти корҳо дар як қатор муассисаҳои танурустии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва ВМКБ дидан намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мубориза алайҳи бемории каронавируси КОВИД-19 табодули таҷриба намуданд.

Имруз 14 июн  дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти фаъолияти кории имрӯзаи муассисаҳои тандурустӣ ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи табодули таҷриба бо табибони Полша,   чорабинӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида дар навбати аввал аз гурӯҳи табибони Полша ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон, инчунин табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мубориза алайҳи КОВИД-19 арзи сипос намуд.

Дар навбати худ табибони Полша аз рафти фаъолияти кормандони  муассисаҳои тандурустии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда ба кордонии мутахассисони тоҷик  дар мубориза алайҳи бемории каронавируси КОВИД-19 баҳои баланд доданд.

Дар рафти баргузории чорабинии мазкур видеоконфронс сурат гирифт, ки дар он сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, сардухтурони муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуда, дар рафти он бобати мушкилоту дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат бобати мубориза алайҳи бемории  КОВИД-19 гуфтушунид сурат гирифт.

Дар кори ҷамъомад зикр шуд, ки ҳафтаи оянда дар назар аст сафари кории табибони Полша ба вилояти Суғд сурат бигирад, ки ҳадаф аз сафар боздид аз кори мутахассисони муассисаҳои тандурустии вилоят ва боз ҳам табодули таҷриба дар самти пешгирӣ аз доманпаҳннамоии бемории каронавируси КОВИД-19 маънидод мегардад.

Хотиррасон менамеом, ки субҳи имрӯз,  14  июн як гурӯҳ табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Гуфта мешавад,  мақсад аз  ташрифи  гурӯҳи табибони кишвари Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад. Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 16
  • 798
  • 1,242
  • 949,818