Натиҷагирӣ аз татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”

Натиҷагирӣ аз татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои  солҳои 2020-2024”
Сентябр 16
08:38 2021

Санаи 15 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи  байнисоҳавӣ оид ба татбиқи  “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои  солҳои 2020-2024”, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020 таҳти №272 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Гуфта мешавад ҳадаф аз баргузории ҷаласаи навбатӣ натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳо ва  татбиқи босамари “Барномаи миллии комуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”  мебошад.

Дар кори чорабинӣ сардорони раёсат ва намояндагони муассаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба   солимии модару кӯдак, тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва ғ равона шудааст, иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Барномаи мазкур имкониятҳои асосӣ барои тағйири рафтор дар давраи ҳомиладорӣ, яъне аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ то таваллуди кӯдак, ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7-рӯзагӣ), 40 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯзагӣ), 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак (аз 1 то 6 моҳагӣ) аз 6 то 24 моҳи аввали ҳаёти кӯдак мушаххас шарҳ дода шудааст.

Барномаи мазкур барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки дар таҳия ё амалисозии барномаҳои тандурустӣ, ғизо ё беҳдошти санитарии кӯдакон дар Тоҷикистон нақше доранд, алалхусус, барои мутахассисоне, ки бо доираҳои осебпазиртарини ҷомеа кор мекунанд, вобастагии бештар дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763