Назорати қатъии дармонгоҳии бемориҳои урологӣ ва неврологӣ миёни кормандони соҳаи тиб

Март 14
12:25 2018

Таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тибби дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои урологӣ ва неврологӣ яке аз масъалаҳои аслие буд, ки дар мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ки чанде қабл баргузор гардид мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҳамзамон намоядагони Раёсати агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ, инчунин масоили вобаста ба  пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мушовараи навбатӣ, ҳамзамон масъалаҳои алоқаманд ба пайвандсозии узвҳо дар вилоят, мушкилоти дар соҳа вуҷуд дошта, роҳҳои ҳал ва дурнамои рушд, инчунин баррасии рафти амалисозии “Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон   тасдиқ гардидааст ба маърази таваҷҷуҳ гузошта шуда, дар ҷамъасти он вобаста ба масъалаҳои зикргардида  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 677
  • 1,242
  • 949,697