Назорати бемории сил байни муҳоҷирони мехнатӣ пурзӯр мегардад

Апрел 11
11:15 2017

Рушд ва фазои иттилоотии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин нигоҳ доштани вазъи санитарию эпидемиологии вилоят ва мушкилоти дигари соҳа дар ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он муҳокима гардид.

Мирҳамудин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки «имрӯз дар доираи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», оид ба назорати антенаталии занони ҳомила, курси такмили ихтисоси табибон, пешгирии Вируси норасоии масунияти одам (ВМНО), фавти модару кӯдак, издивоҷи хешу таборӣ ва солимгардонии маъюбон бояд таҳти назорати роҳбарияти ҳар як муассисаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қарор дошта бошад».
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки имрӯз қарорҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои санадҳои клиникӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии шаҳрвандон, пешгирии бемориҳои сироятии идорашавандаи сурхча ва гулафшон бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 30
  • 789
  • 1,242
  • 949,809