Назорати беморон пурзӯр мегардад

Назорати беморон пурзӯр мегардад
Июл 14
16:57 2020

Бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва зери назорати қатъӣ қарор додани бемороне, ки дар қайди  марказҳои саломатӣ қарор дошта, дар хона табобат мегиранд,  имрӯз, 14 июли соли равон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони марказҳои саломатиро ба пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани беморон, аз ҷумла бемороне ки дар хона табобат мегиранд,  пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории  COVID-19 ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

Бо дарназардошти он, ки вазъи бемории  COVID-19 дар як қатор кишварҳои ҳамсоя нигаронкунанда боқӣ мемонад, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарони марказҳои саломатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19  фаъолияти хешро боз ҳам  пурзӯр намоянд.

Доир ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714