Назорати гепатитҳои вирусӣ тақвият меёбад

Назорати гепатитҳои вирусӣ тақвият меёбад
Июл 18
17:31 2024

18 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Амирзода Абдухолиқ Амир, доираи васеи табибони сироятшинос ва гастроэнтеролог иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар ва сифатан хубтар намудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.

Гепатитҳои «В» ва «С» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.

Гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.

Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.

Ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд. Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта, вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гепатити шадид бисёр вақт бо нишонаҳои зерин сар мешавад: камқувватӣ, мондашавӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, зардшавии склераи чашму пӯст, ранги зарди баланди пешоб ва берангшавии ахлот.

Аммо, гепатити музмин аксаран бе зуҳуроти клиникавӣ ҷараён меёбад ва танҳо ташхиси озмоишгоҳӣ онро ошкор менамояд.

Одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад. Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 653
  • 1,145
  • 953,527