Назорати муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ пурзӯр мешавад

Назорати муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию  санитарӣ пурзӯр мешавад
Феврал 22
14:13 2019

22-юми феврали соли равон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони вазир ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд. Ҷаласаро Насим Олимзода ҳусни оғоз бахшида, сараввал муҳтавои мухтасари мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ, ки 20 феврали соли 2019 баргузор гардида буд, ба самъи ҳозирон расонид. Сипас аз рӯи рӯзномаи маҷлис, ки аз се масъала иборат буд, ҷаласа идома ёфт.
Хуршед Сафаров, сардори шуъбаи назорати давлатии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯи масъалаи якум-дар бораи натиҷаҳои таҳлили фаъолияти шабакаи муасисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ муфассал маърӯза намуд. Ӯ дар баромади худ иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ айни замон 2835 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият менамоянд.
Тибқи иттилои ӯ давоми соли 2018 аз тарафи хадамот ва зерсохторҳои он 88 санҷиши нақшавӣ, 153 санҷиши ғайринақшавӣ ва 79 санҷиши такрорӣ гузаронида шуда, камбудиву норасоиҳо ошкор ва барои ислоҳи онҳо ба масъулин амрномаҳо фиристода шудааст.
Х. Сафаров ҳамчунин дар бораи чӣ гуна будани вазъи бинову иншооти тиббӣ, норасоии кадрҳо, роҳандозии тибби оилавӣ ва дигар камбудиҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед низ баромад намуда, ба таври мушаххас мушкилоти ҳалталабро баррасӣ кард ва изҳор дошт, ки дар самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла баҳисобгирии маъюбон ва додани варақаҳои корношоямӣ камбудиҳое роҳ ёфтаанд, ки фавран ислоҳ мехоҳанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, ки дар бораи рафти иҷрои “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” буд, Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат муфассал маърӯза намуд. Ӯ изҳор намуд, ки Барномаи мазкур дурнамои рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Ҳадафҳои рушди устувори СММ, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои соҳавӣ зикр шудаанд, инъикос намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии шахсони маъюб ва аъзои оилаҳои онҳо таҳия карда шудааст.
-Мақсаду мароми Барнома ва самтҳои стратегии он аз инҳо иборатанд: баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама, солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо, тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоии маъюбон, ҳамгироии масъалаҳои вобаста ба маъюбият (мусоидат ба шуғли маъюбон). Нақшаи татбиқи Барнома 108 чорабиниҳо ва тадбирҳои гуногунро вобаста ба самтҳои афзалиятнок пешбинӣ кардааст,-таъкид намуд Қ. Қурбонов.
Бояд гуфт, ки бо супориши Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тамоми марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, аз ҷониби муассисаҳои мазкур ба 3000 нафар хизматҳои гуногуни тиббӣ расонида шудааст.
Ҳамчунин, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ сухан ронда, қайд намуд, ки аз 1-ум то 4-уми марти соли равон “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модару кӯдак дар деҳот” бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва бартарафсозии мушкилоти таваллуд амалӣ карда мешавад.
Дар охир вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода вобаста ба камбудиҳои ошкоршуда ва роҳҳои ислоҳи онҳо, аз ҷумла оид ба баланд бардоштани сатҳи муоширати табибон ба беморон, беҳтар намудани сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ ва аз хусуси дигар масъалаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буданд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 294
  • 1,242
  • 949,314