Нерӯи кадрӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб

Нерӯи кадрӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб
Июн 19
08:35 2020

Дар ҷаҳони имрӯза ҳифзи саломатии аҳолӣ ба яке аз самтҳои муҳими ҳаёти миллӣ табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд, ки “Барои ҳар як давлат солимии ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем”.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ва таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони баландихтисоси тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва вазифаи аввалиндараҷа дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ» ба 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 19080 ва 53982 нафарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 20,9 ва 59,1 – ро ташкил кард.

Мутахассисони соҳаи тиб асосан дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва коллеҷҳои давлатию гайридавлатии тиббии ҷумҳурӣ тайёр карда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» теъдоди донишҷӯён 10509 нафарро ташкил медиҳад ва якҷоя бо муҳассилини баъдидипломӣ, теъдоди умумии таҳсилкунандагон 11940 нафарро ташкил мекунад. Ҳайати профессорону омӯзгорон 704 нафарро (668 нафар дар соли таҳсили гузашта) ташкил дод, ки аз онҳо 372 (52,8%) нафарашон занҳо мебошанд. Аз ин шумора, 318 нафар (311 нафар дар соли таҳсили гузашта) дорои дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ 49,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,8% афзудааст. Аз онҳо, 4 нафар академик, 2 нафар узвҳои вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 84 нафар докторони илм, профессор, 234 нафар номзадони илм, дотсентон ва 339 нафар муаллимони калон ва ассистентонро ташкил медиҳад.

Дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 20 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ аз ҷумла, ба Донишгоҳи давлатии Қарагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон 7 нафар, ба Академияи давлатии тиббии Ижевск 10 нафар, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Доғистони Федератсияи Россия 2 нафар ва тариқи барномаи Эрасмус плюс ба Донишгоҳи илмҳои тиббии Литва 1 нафар ҷиҳати идомаи омӯзиш дар давраи семестри баҳорӣ равона карда шудаанд. Ҳамзамон, 10 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, 17 нафар аз Академияи давлатии тиббии Ижевск барои таҳсили семестри баҳорӣ ва 1 нафар шаҳрванди Колумбия, ординатори клиникии соли якуми Донишгоҳи дустии халқҳои Федератсияи Россия ба муддати 3 моҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба донишгоҳ омаданд.

Айни ҳол дар донишгоҳ 45 нафар аспирантон, аз ҷумла 27 нафар ба тариқи рӯзона (8 нафарашон зан) ва 18 нафар ба тариқи ғоибона (6 нафарашон зан) таҳсил менамоянд. Инчунин, шумораи унвонҷӯёни дараҷаи илмии номзадӣ ва доктори илми тиб 102 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 25 нафар занҳо мебошанд.  Шумораи докторантони PhD 39 нафаронро ташкил медиҳад (12 нафарашон зан ва 1 нафар зан шаҳрванди ИМА буда, 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон). Айни ҳол дар магистратура 23 нафар таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 7 нафарашон занҳо ва 10 нафарашон  шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.

Дар соли 2020 дар назди Маркази тахсилоти баъдидипломии донишгоҳ ҳамагӣ 181 нафар шунавандагон аз давраҳои такмили ихтисоси педагогӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва инчунин курсҳои ихтисосгирии аввалия гузаштанд.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ теъдоди донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» аз 1475 нафар, омӯзгорону кормандони асосӣ аз 182 нафар иборат мебошад. Аз ин шумора 120 нафар (53,1%)-ро  ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил додаанд, ки аз ин теъдод 83 нафар (69,1%) ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ мебошанд. Ҳайати профессорону омӯзгорони дараҷаи илмидошта бошад аз 18 нафар иборат аст, ки 21,6%-ро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дорои 3 факултет ва 14 кафедра буда, теъдоди  донишҷӯёни факултети тиббӣ аз 676 (45,8%) нафар, факултети педиатрӣ аз 574 (39%) нафар ва факултети стоматологӣ аз 225 (15, 2%) нафар донишҷӯ иборат мебошад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 522 (35,3%) нафар тариқи буҷавӣ ва 953 (64,7%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 392 (26,5%) нафар  ва  писарон  аз 1083 (73,5%) нафар иборат аст. Миқдори гурӯҳҳои академӣ дар донишгоҳ дар маҷмӯъ аз 87 адад иборат буда, аз ин 42 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 45 гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 240 нафар (16,7%) бо хобгоҳ таъминанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2020 аз 986 нафар шунавандагон (479 нафар табибон ва 507 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) дар муддати ҳисоботӣ дар донишкада ва шуъбаҳои он таҳсил гирифта – 296 (30,0%) нафарашон аз шаҳри Душанбе (126 нафар табибон ва 170 нафар кормандони миёнаи тиббӣ), 256 (25,4%) нафарашон аз вилояти Хатлон (112 нафар табибон ва 144 нафар кормандони миёнаи тиббӣ), 231 (23,4%) нафарашон аз вилояти Суғд (109 нафар табибон ва 122 нафар кормандони миёнаи тиббӣ), 72 (7,3%) нафарашон аз муассиса ва ташкилотҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (52 нафар табибон ва 20 нафар кормандони миёнаи тиббӣ), 68 (6,8%) нафарашон муваққатан бекор будагон (21 нафар табибон ва 47 нафар кормандони миёнаи тиббӣ), 6 (0,6%) нафарашон аз муассисаҳои хусусӣ (5 нафар табибон ва 1 нафар корманди миёнаи тиббӣ), 2 (0,2%) нафарашон (1 нафар табиб ва 1 нафар корманди миёнаи тиббӣ) аз муассиса ва ташкилотҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 нафар (5,0%) омӯзгорон ва 5 нафар (0,5%) (3 нафар табибон ва 2 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) аз муассиса ва ташкилотҳои ғайритобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада барои таҳсил ташриф оварданд.

Дар кафедра ва курсҳои донишкада 9 нафар аспирантон, аз он ҷумла 2 нафарашон зан (3 нафар рӯзона ва 6 нафар ғоибона) ва 25 нафар унвонҷӯён, аз он ҷумла 10 нафарашон зан ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул мебошанд. Шумораи унвонҷӯёни дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб 8, аз он ҷумла 3 нафарашон занро ташкил медиҳанд.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо мақсади беҳтар намудани пояи моддию техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Айни ҳол дар коллеҷи мазкур 542  нафар кормандон, аз он ҷумла  321 нафар омӯзгорони асосӣ, 80 нафар омӯзгорони соатбайъ ва 141 нафар аъзоёни  роҳбарияти  коллеҷ, кормандони хоҷагӣ, кормандони марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ ва лаборантон, инчунин, 3 нафар докторони илмҳои тиб, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 10 нафар номзадони илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филология ва 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ  фаъолият доранд.

Шакли таълим дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»  рӯзона ва шабона буда, шумораи муҳассилини коллеҷ 7618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо 1984 нафарашон писарон ва 5634 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар коллеҷ 25 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Туркманистон (12 нафар), аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (8 нафар), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1 нафар), Ҷумҳурии Қазоқистон (1 нафар) ва тоҷиконе, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд (3 нафар) таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон, дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 49160 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд, ки аз инҳо 1797 нафарашон дар гурӯҳҳои мақсадноки назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳо таҳсил доранд. Дар соли 2019 коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро 10612 нафар донишҷӯён, аз инҳо 1183 нафарашон гурӯҳҳои мақсаднокро хатм карданд.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм

Раҷабзода С.Р.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 632
  • 1,242
  • 949,652