Нишасти матбуотӣ бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон

Нишасти матбуотӣ бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон
Август 01
13:47 2019

Имрӯз, 1 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  иммунопрофилактика»  бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон, ки имсол аз 1 то 10 август таҳти шиори «Ҳуқуқҳо ва имкониятҳои волидайнро васеъ намуда, барои ғизодиҳӣ бо шири модар имконият фароҳам намоед»,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, нишасати матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марта Эверард, Сардори Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афердита Спахию, муовини сардори Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин хабарнигорони расонаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад.

Ӯ дар идомаи суханронии хеш қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кӯдакон ва ғизои онҳо таваҷҷуҳи махсус  зоҳир менамояд, ки яке аз ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулшуда «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мебошад:

-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол тасмим гирифтааст, ки стратегия ва нақшаи коммуникатсионии «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак»-ро бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд таҳия намояд. 1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то синни 2 солагии кӯдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ ва ақлониву рӯҳии кӯдаконро дар бар мегирад,-гуфт ӯ.

Марта Эверард, Сардори Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки синамаконӣ барои ҳама ширхорон, аз ҷумла барои одамон меъёри биологӣ ба ҳисоб меравад. Он барои расидан ба мақсадҳои ҷаҳонии вобаста ба ғизодиҳӣ, саломатӣ ва зиндамонӣ бисёр муҳим аст:

-Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тавсия медиҳанд, ки синамаконӣ сар аз соати аввали таваллуд то 6 моҳагӣ давом ёфта, сипас бо ғизои иловагии муносиб ва бехатар то 2 солагии кӯдак  сурат гирад. Мутаассифона, дар ҷаҳон тавсияҳои дар ин самт пешниҳодгардида дар қисми ками кӯдакон риоя карда мешаванд. Масалан,  ба 44% кӯдакон дар соати аввали таваллуд шир маконида мешаванд. Инчунин, танҳо 40% кӯдакони то синни 6 моҳа шири модар мемаканд. Муаяйн карда шудааст, ки танҳо 45% кӯдакони то синни 2 сола аз  шири модар истифода менамоянд.

Дар идома Афердита Спахию, муовини сардори Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар нишаст вобаста ба масъалаи мазкур ибрози назар намуда гуфт, синамаконии холис дар тӯли шаш моҳи аввал барқарорсозии робитаи  наздик ва муҳаббат байни модар ва кӯдак, истеъмоли моддаҳои ғизоӣ аз ҷониби кӯдак ва барқарорсозии энергияро таъмин менамояд, ки барои инкишофи ҷисмонӣ ва асабонии кӯдак зарур мебошанд. Шири модар пас аз шаш моҳ ҳам организми кӯдакро бо энергияи зарурӣ ва моддаҳои ғизоии баландсифат таъмин менамояд, ки он барои роҳ надодан ба қадпастӣ, камғизоӣ (норасоии ғизо) ё фарбеҳӣ мусоидат мекунад.

Пасон миёни рӯзноманигорон ва масъулини соҳа бахши саволу ҷавоб доир гардид. Аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои давомнокии истифодаи ғизо ба кӯдакон, ғизоҳое, ки пас аз  шаш моҳ ба кӯдакон  дода мешаванд, ғизоҳои иловагӣ ба кӯдакон ба ҷуз шир, хизмати момодояҳо, нақшаҳои оянда дар ин самт ва дигар паҳлуҳои соҳа саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757