Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт
Феврал 12
16:24 2024

Имрӯз, 12-уми феврали соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, директорони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва 62 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти вазорат дар соли 2023 мухтасар маълумот дод.

Гуфта шуд, ки соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба як қатор дастовард ва пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Яке аз руйдодҳои муҳим ва фаромушнашаванда дар соли 2023 барои кормандони соҳа ин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода додани бинои нави вазорат мебошад.

Тавре зикр гардид, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамин аст, ки пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳо андешида шуда, маблағгузории соҳа сол аз сол зиёд карда мешавад.  Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар соли 2023 ба маблағи 437,6 миллион сомонӣ таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, нақлиёт ва маводҳои доруворӣ харидорӣ ва дастраси муассисаҳои тиббӣ карда шудаанд. Дастрасии таҷҳизоти ҳозиразамон имкон дод, ки дар самти ташхису табобат 74 навоварӣ ворид карда шавад.

Инчунин, соли 2023 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 131 адад муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи умумии 169,4 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, 430 муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи умумии 56,1 млн. сомонӣ таъмир гардиданд.

Бо истифода аз шароити муҳаёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мавҷуд будани  дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ соли сипаришуда бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш  ба 2034 нафар амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо ва  ба 2496 нафар амалиёти ангиография гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 129 ва 588 адад зиёдтар мебошад. Инчунин ба 1815 нафар амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, ба 660 нафар амалиёти ивази буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба як соли қабл мутаносибан 799 ва 36 адади зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш шаҳрвандон барои анҷом додани чунин амалиётҳои мурракаб ба хориҷи кишвар сафар мекарданд.

Яке аз дастовардҳои дигари назарраси вазорат дар самти амнияти санитариву эпидемиологӣ дар соли сипаришуда  ин бо Сертификати «Кишвари озод аз бемории вараҷа» сазовор дониста шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ мебошад, ки 19-уми майи соли 2023 дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ сертификати мазкур аз ҷониби  директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади татбиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 дар соли ҳисоботӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Тибқи омори пешакӣ, теъдоди табибон 21592 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 62445 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2022 мутаносибан 1,99 ва 1,73% зиёд мебошад. Банд будани воҳидҳои кории табибон 91,4 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99 фоизро ташкил дода, нисбат ба як соли пешин 3,5 ва 1,4% зиёд мебошад.

Дар соли 2023 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмўъ 13717 нафар кормандони соҳа ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 485 нафар зиёд мебошад. Дар хориҷи кишвар бошад, дар ин давра 406 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 нафар зиёд мебошад. Дар ин муддат 73 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба як соли пешин 19 рисолаи номзадӣ ва як докторӣ зиёд мебошад.

Баъдан, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби  рӯзноманигорон беш аз 45  савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти вазорат ба онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

Ҳамин тавр, нишасти матбуотии вазорат 1 соату 40 дақиқа идома ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 13
  • 680
  • 1,242
  • 949,700