ҲНИТ шарики созмонҳои террористӣ аст!

Январ 17
14:34 2022

Дар воқеъ, тамоми амалкард ва фаъолияти террористии ҲНИТ аз оғоз то кунун шабеҳи фаъолияти созмонҳои террористии олам аст ва аз ин рӯ бояд  шаҳрвандони мамлакат инро хуб бидонанд.

Мардуми тоҷик аз дасти ҳизби террористии наҳзати исломӣ азобу машаққати зиёде кашидааст.

Мардуми тоҷик маҳз дар пайи иғво ва дасисабозиҳои ҳизби террористии наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта бехонаву дар  ва аз Ватан фирор намудааст.

Тамоми бадбахтӣ ва сарсониву саргардониҳои миллати тоҷик дар солҳои 90-ум маҳз аз пушти роҳбарияти манфиатҷуву хиёнаткор ва ватанфурӯш ба вуҷуд омадааст.

Ин миллат дигар ҳаргиз ба доми фиреби ин ҳизби одамкуш нахоҳад афтод.

Ин миллат дигар ҳаргиз ба найранг ва дуруғҳои ин ҳизби террористӣ  бовар нахоҳад кард.

Боиси зикр аст, ки чанде қабл филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба навор гирифта шуда,  тариқи он тамоми фаъолияти пинҳонкоронаву ҷинояткоронаи он фош карда шуд.

Филми мазкур бори дигар исбот намуд, ки ҳизби наҳзати исломӣ маҳз бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки як идда хиёнаткорону фурӯхташудагон таъсис дода шуда, мақсади он ба даст овардани қудрат ва бо ин васила ҷорӣ намудани мазҳаб ва фарҳанги бегона бар сари мардуми тоҷик мебошад.

Роҳбари ин ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки айни замон дар кишварҳои хориҷӣ умр ба сар мебарад, боз нашармида алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон суханҳои дур аз ҳақиқат ва пур аз туҳматро раво мебинад. Ин ватанфурӯши хиёнаткор аз амалҳои ноҷавонмардонаи худ нисбат ба давлату  миллати хеш нашармида боз даъвои миллату давлатдлорӣ мекунад.

Дар ин росто, ҷоизи зикр аст, ки аллакай якчанд кишварҳои Аврупоӣ низ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ба қатори созмонҳои террористии олам эътироф намуданд.

Як қатор кишварҳои аврупоӣ аллакай симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро шинохтаанд.

Мутмаин ҳастем, ки дар наздиктарин фурсат кулли олам симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро хоҳад шинохт ва онро онро дар қатори созмонҳои террористии олам қарор хоҳад дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732