Оғози корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод
Июл 20
13:43 2022

Санаи 20 июли соли 2022 бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ сурат гирифт.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Холзода Б.Н., раиси  ноҳияи Файзобод, Маҳмудзода И.С., менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мутахассисони Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод иштирок намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод соли 1975 барои 175 кат сохта ба истифода дода шуда, бинобар куҳнаю фарсуда ва таъмирталаб будани биноҳои табобатӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Тибқи нақша дар доираи амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияи Файзобод таъмиру азнавсозии беморхонаи марказӣ иборат аз 10 шуъба бо ғунҷоиши 216 кат ва сохтмони бинои Маркази ташхису таботӣ иборат аз 6 шуъба бо ғунҷоиши 28 кат  ба масоҳати 9609м2 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар доираи ҳадафҳои лоиҳаи мазкур азнавсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ), сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ  ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон таҷҳизонидани иншооти мазкур бо мебел ва асбобу таҷҳизоти нави лабораторӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980