Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон
Май 28
06:28 2020

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф бурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароити мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада корҳои зарурӣ ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводи зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат сомон доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 733
  • 1,242
  • 949,753