Оид ба бемории мавсимии зуком чиро бояд донист?

Оид ба бемории мавсимии зуком чиро бояд донист?
Феврал 01
07:57 2020

Зуком –  бемории сироятии мавсимӣ аст.

Ин як навъи вирусе аст, ки аз як шахс ба шахси дигар мегузарад.

Зукомро чӣ тавр бояд шинохт?

-Ногаҳон баланд шудани ҳарорат;

-Дарди сар;

-Сулфа ё дарди гулӯ;

-Дарди мушакҳо.

Дар ҳолати ба зуком гирифтор шудан, чи бояд кард?

Ҳангоми сулфа ва ё атса задан бояд даҳону биниро бо рӯймолчаи яккарата пӯшонд;

Зуд-зуд шустани дастон;

Зиёдтар истироҳат намудан;

Бештар об нӯшидан,  хӯрокҳои серғизоро истеъмол намудан.

Дар мавриде, ки ҳолати шумо хуб нест ва ё Шумо ба гуруҳи сироятёфтагон дохил гардидед, фавран ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед.

Зукомро чӣ гуна бояд пешгирӣ намуд?

Беҳтарин роҳи пешгирӣ намудани зуком, ҳамасола аз иммунизатсия гузаштан аст.

Иммунизатсия хусусан барои одамоне, ки дар зери хатари шадид қарор доранд, муҳим аст. Ба ин гурӯҳҳои  хатар дохил мешаванд:

-занони ҳомила;

-одамони аз синни 65 сола боло;

– кӯдакони аз синни 6 моҳа то 5 сола;

– шахсоне, ки дер боз гирифтори ин беморианд

Одамоне, ки бо гурӯҳи хавфи баланди зуком зиндагӣ мекунанд, бояд худро эҳтиёт намоянд!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 730
  • 1,242
  • 949,750