Оила-сарчашмаи хушбахтии инсон аст

Оила-сарчашмаи хушбахтии инсон аст
Сентябр 18
14:46 2020

Оила ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи табии байни онҳо ҳамчун занҷири байни наслҳо ҳамеша дар инкишоф ва мустаҳкамӣ нигоҳ дошта мешавад. Таҳкурсии ҳар як фарди солим ва неруманд ба ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ, муҳаббати инсонии оилаҳо вобастагии қавӣ дорад.

Оила  гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои хурди гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи маънавиёти шахсият замина мегузоранд.

Аз ин ҷост, ки ягон миллат ва ягон ҷамъияти фарҳангӣ бе оилаю оиладорӣ мавҷудияташ ғайриимкон аст. Бе сабаб нест, ки хушбахт будан ҳар як одамро ба оилаи солеҳ қиёс мекунанд.

Вазифаи асосии оила  қонеъ намудани талаботи ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ мебошад. Олимони педагогика ин нуқтаро ба назар гирифта, вазифаҳои репродуктивӣ (васлгузорӣ), иқтисодӣ, тарбиявӣ, коммуникативӣ (робитавӣ) ва фароғату истироҳати оиларо пешкаш менамоянд. Вазифаи репродуктивӣ ба ҳаёт овардани инсон, давом додани авлод мебошад. Ин масъала ба дигар шохаҳои оилавӣ зич алоқаманд аст, балки дар сифати он низ иштироки фаъолона дорад.

Панҷ ҳазор сол қабл барои омӯхтани савод муассисаи таълимии махсус ба миён омад, ки ба номи “мактаб” ёд мешуд. Мактаб барои истифодаи сарватмандон ва ашхоси соҳибнуфуз бештар мусоид буд ва бачаҳои сарватманд дар мактаб барои раҳбарӣ тарбият мешуданд ва рӯҳониён ин вазифаро ба уҳда доштанд. Баъдан, мактаб шакли як муассисаи таълимӣ ва тарбиятиро ба худ гирифт, ки то ҳол ба ҳамон ном ёд мешавад.

Суханварон ва мутафаккирони мо низ беҳтарин намунаҳои таълиму тарбия, усулу роҳҳо ва пешниҳодоти арзишманду илмиро дар асарҳои худ ҷо дода, барои миллат ба ёдгор мондаанд. Ҷойи муболиға нест, ки усули таълимии Имом Ғаззолӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо тан аз донишмандон дар беҳтарин муассисоти таълимии Бритониё, Амрико, Олмон, кишварҳои курраи Африко ва соири мамолики дунё мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст.

Тоҷикон аз қадимулайём аз зумраи мардумоне ба шумор мераванд, ки ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон таъкидҳои махсус кардаанд ва ин як масъалаи муҳиму фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки садсолаҳо инҷониб таблиғу таълим дода мешавад. Масъалаи мазкур дар китобҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик тавре инъикос гардидааст, ки аз даврони бостон китобҳое ба исми “Андарзнома”, “Насиҳатнома” ва соири китобу ашъори шуъарои мо дар одобу русуми зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ нигошта шудаанд. Дар ин миён китобҳои “Қобуснома” ва “Саъодатнома” аз ҷойгоҳи махсусе дар ин замина бархӯрдор аст.

Бояд гуфт, ки баланд бардоштани маърифати ҷомеа бо ҳамкориву робитаи оила, муассиса ва ҷомеа ҳамбастагии зиёд дорад. Тарбияи кӯдак дар асоси фаҳмишу биниш, ҷаҳонбиниву мафкура ва эътибору эҳтиром, инчунин арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, дар шахсияти ӯ ташаккул меёбад.

Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки тарбияи маърифатӣ аз оилаи солим сарчашма мегирад ва ҳамон падару модаре, ки тарбияи дуруст медиҳад, вай худ оилаи соҳибмаърифат аст ва  ахлоқи ҳамида дорад.

Таълиму тарбия ин равандест, ки ҳар як фарди ҷомеа ба он масъул аст ва ин масъулятро бояд ба тамоми ҷисму ҷон бо садои қалб эҳсос намояд.

Тарбияи маърифатӣ ин дар шуури шаҳрвандон пайдо намудан ва ташаккул додани маърифати миллӣ ва ҷаҳонӣ, яъне донишу лаёқати инсонӣ мебошад

Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Зиндагӣ маънӣ надорад ҳеҷ гоҳ бе маърифат,

Одамиро маърифат шаҳбози дунё мекунад.

Мо падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки тамому саъю кӯшишамонро ба тарбияи насли наврас сарф намоем, чунки онҳо ояндасози давлату миллати мо ҳастанд. Дар фаъолияти кории омӯзгории худ набояд ба ягон хатогиҳо роҳ диҳем, зеро мо омӯзгор ҳастему таълиму тарбияи насли наврас дар дасти мост.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвас таъкид менамоянд, омӯзгор ҳуқуқи хато карданро надорад.

Давраи ҷавонӣ чун ситораест, ки фақат якбор дар осмони умр тулӯъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кӯчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳол ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад. Беҳуда нест, ки ҷавононро ояндаи миллат номидаанд. Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро ба пеш мебарад, ин бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ будани онҳо мебошад.

Дар ҳама давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, ояндаи ҳама кишварҳо аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи нек буданд ва ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишмандро пешниҳод кардаанд.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо аз беаҳамиятӣ ва бемасулиятии волидайн дарак медиҳад. Гарчанде ки айни замон дар кишвар Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол баъзе падару модароне ба чашм мерасанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанди хеш аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.

Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд. Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Ҳукумати Тоҷикистон низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.

Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст. Замоне, ки мардумони ориёӣ бузургтарин давлатдориҳои дунёи қадимро асос гузошта буданд, усулҳои тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд дар онҳо ба ҳукми одат табдил ёфта буд.

Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан  арзёбӣ намудааст.

Бино ба иттилои Ҳеродот, мардуми ориёӣ чунин одат доштаанд, ки ба писарони аз 5 то 20 – солаи худ се илмро пайваста меомӯзонидаанд. Якум, аспсавориро ба хотири тарбияи ҷисмонӣ ва чусту чолок будани фарзанд, дуюм, тирандозӣ ё камонвариро ба хотири дифои Ватан ва ниҳоят, танҳо сухани ҳақ гуфтан, яъне рост гуфтанро барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 973
  • 1,242
  • 949,993