Олимони рус усули навро барои ташхиси саривақтии саратони меъда таҳия кардаанд

Ноябр 25
13:21 2019

Олимони донишгоҳҳои  вилоятҳои Курск, Белгород ва Тула  усули нави коҳиши даҳкаратаи  нишондиҳандаҳои мухталифро барои ташхиси саратони меъда пайдо кардаанд. Ин имкон медиҳад, ки бемор дар марҳилаи аввал ташхис  ёбад, гуфт профессори Донишгоҳи миллии тадқиқотии Белгород Кристина Макконен ба ТАСС.

«Ҳадафи мо айни ҳол аз ташхис иборат аст, зеро саратон байни бемориҳои вазнин  дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин яке аз сабабҳои асосии марги одамони ҷавон ва қобили меҳнат мебошад. Аз ин рӯ, мо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  тавонистем ҳарчи зудтар  ин бемориро дар марҳилаҳои аввал ошкор кунем. Сабаби асосии фавтидани беморон маҳз ташхиси дершуда аст. Дар  марҳилаи 3-4, ҳангоме ки  аллакай метастазҳо пайдо мешаванд, ба бемор кумак кардан ғайриимкон аст. Ташхиси саривақтӣ иконият медиҳад, ки бисёр намудҳои саратон, аз ҷумла саратони  меъдаю рӯда хуб табобат карда шавад.  Дар ин ҳолат одамон даҳсолаҳо зиндагӣ мекунанд», — гуфт мусоҳиби мо.

Тавре ки Макконен зикр намуд, тадқиқот тасдиқ карданд, ки ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал  пайдоиши ин бемориро ошкор намудан мумкин аст. Ба вуҷуд омадани  неоплазмаҳои шадиди меъда нишонаи аввалин буда, метавон дарҳол аз паи табобат шуд. Ин усули нав  шумораи  ташхисҳои лабораториро то панҷ карат коҳиш медиҳад. «Он ҳам аз ҷиҳати  иқтисодӣ муфид аст ва ҳам  вақт аз даст намеравад. Одатан, то он даме ки метастазҳо дар узвҳои дигар  пайдо нашудаанд, саратон аз худ ҳеҷ дарак намедиҳад»,- илова кард профессор.

Тадқиқоти мо  бо маълумоти таҷрибавӣ асос ёфтаанд. Ин таҷрибаҳо дар Донишкадаи тиббии Донишгоҳи Давлатии Тула дар сохтори бофтаҳои варамҳо гузаронида шуданд. Мутахассисони ҳайвоноти лабораторӣ  дар тӯли ду сол имкони барқарор кардани ҷудосозии ҳуҷайраҳоро, ки ба воситаи бунёди ҳуҷайраҳо ба варам дучор мешаванд, омӯхтанд.

«Ба ибораи дигар гӯем, ҳуҷайраҳое мавҷуданд, ки ба варам  гирифтор мешаванд. Мо ба онҳо таъсири муайяне мерасонем, ки хатари варамро дар  ҳуҷайраҳои нав кам мекунанд», гуфт мудири кафедраи умумии патологияи Донишгоҳи давлатии Тула Татьяна Субботина дар суҳбат бо ТАСС.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, бемории саратони шадид дар 10 соли охир тақрибан 24% афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки сатҳи фавт дар ин давра қариб дар ҳамон зина  боқӣ мондааст. Тибқи гуфтаҳои сардухтури онкологи Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, академики Академияи илмҳои Россия Андрей Каприн, ҳалли асосии ин мушкилӣ ташхиси барвақтӣ ва  пешгирии беморӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656