“Омӯзиши муқаддимавии равишҳои инноватсионӣ барои ташхис: дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ”

“Омӯзиши муқаддимавии равишҳои инноватсионӣ барои ташхис: дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ”
Май 26
15:27 2022

Имрӯз, 26 майи соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Омӯзиши муқаддимавии равишҳои инноватсионӣ барои ташхис: дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ” машварати омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, директори Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” Сафаралӣ Наимов, корманди адвокатсионӣ ва техникии Ҳамкории боздошти сил Асгар Исмаилов, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои  ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили қатор шаҳру навоҳии мамлакат, ҳамзамон ба тариқи онлайн директори иҷроияи Ҳамкории боздошти сил аз Женева Лучика Дитиу, корманди тиббии шакли мутобиқгаштаи сил, Барномаи муштараки бемориҳои сироятӣ, Шӯъбаи барномаҳои кишварии тандурустӣ, Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Огтай Гозалов аз Копенгаген, роҳбари лоиҳаи бемории сил ва шуъбаи тиҷорати нави тиббӣ, ширкати FUJIFLM аз Токио Дайсуке Фуҷи иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, нахуст аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилкунандагони ин омӯзиш, аз ҷумла ба ташкилоти ‘Stop TB Partnership’ (Стоп ТБ Партнёршип), ширкати FUJIFILM (ФУҶИФИЛМ) ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Номбурда ҳамзамон иброз дошт, ки дар баробари дигар масъалаҳои саломатӣ бемории сил яке аз мавзӯъҳои доғи низоми тандурустии ҷомеаи ҷаҳонист. Бемории сил дар Тоҷикистон самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Тӯли солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаву дурнамоҳо барои пешгирӣ, дарёфт ва табобати бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз ҷонибии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи амалисозии босамари барномаҳои қабулгардида ҳамаи тадбирҳои лозима андешида шудааст.

Бояд қайд кард, ки моҳе пеш се адад дастгоҳи рентгении сайёр аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ харидорӣ ва ба соҳаи зиддисилии кишвар тақдим карда шуд, ки истифодаи чунин дастгоҳҳо кори соҳаро осонтар ва хизматрасонии зиддисилиро ба аҳолӣ хеле наздик карда истодааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода аснои суханронии худ аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ, хосатан дар самти пешгирии бемории сил ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии   Роҳбариятии олии мамлакат давоми солҳои охир ҷиҳати пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории мазкур дар кишвар як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Баъдан, корманди адвокатсионӣ ва техникии Ҳамкории боздошти сил Асгар Исмаилов низ суханронӣ карда, баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти пешгирии бемории сил ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Ҳамзамон дар чорабинӣ директори иҷроияи Ҳамкории боздошти сил аз Женева Лучика Дитиу низ ба тариқи онлайн баромад намуд.

Дар идомаи чорабинӣ  вобаста ба “Омӯзиши муқаддимавии равишҳои инноватсионӣ барои ташхис: дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ” ва “Омӯзишҳо ва мубодилаи таҷрибаи гирифташуда тавассути лоиҳаҳои дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои омӯзишӣ” як қатор мутахассисони соҳа баромад намуданд.

Доир ба мазӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658