Омилҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ва паёмади он

Омилҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ва паёмади он
Январ 06
15:16 2021

Саломатӣ гавҳари ноёб аст, ки инсон баъд аз гирифторӣ ба ин ё он беморӣ ин неъмати бебаҳоро ба ҳадди лозима қадр мекунад.  Агар назаре ба зисту зиндагӣ ва рӯзгордории инсон назар афканем, дармеёбем, ки дар бештари ҳолат одам бо дасти худ ҷисмашро ба вартаи бемориҳои мухталиф дучор мекунад. Риоя нанамудани гигиенаи ҳатмии шахсӣ, истифода набурдани ғизои солим, дури наҷӯстан аз фазо ва ё ашёҳои заҳролуду ба сатҳи сиҳатӣ зараровар, омили аслии гифтории одамон ба бемориҳои мухталиф мегардад.

Агарчӣ имрӯз дар курраи замин бемориҳои зиёди сироятиву ғайрисироятӣ ҳамарӯза боиси қарбонии одамони бешумор ва фалаҷ намудани саломатии қисми дигари одамон мегарданд, аммо маризии фарбеҳӣ ҳамчун омили ба дигар бемориҳо мубтало намудани одам мавзӯи доғ дар соҳаи тандурустии кишварҳои сайёра боқӣ мемонад.

Имрӯз, ки ҷомеаи башарӣ дар ҳоли даргир бо маризии каронавируси нави COVID-19 қарор дорад, ба иқрори мутахассисон аз ҳама бештар нафарони дорои маризиҳои музмин, хосатан фишорбаландӣ, дибеати қанд ва фарбеҳӣ  зери таъсири он қарор  мегиранд.

Бояд гуфт, ки фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гашта, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст, зеро, оқибати он ба кутоҳумрии одамон оварда мерасонад.  Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ ба ҳалокат мерасанд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки ҳукуматҳо, шарикони байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ бояд ҳама дар пешгирии бемории фарбеҳӣ саҳмгузор бошанд.

Омилҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ва паёмадҳои он

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, сабабҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ гуногун буда, аввалин сабаби дучор гардидан ба ин беморӣ пурхӯрӣ мебошад. Яъне, аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ. Гуфта мешавад, киомили навбатии гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ ин  камҳаракатӣ мебошад.  Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхӯрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гузашта аз ин, бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ ҳаст. Агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳаи тиб бар он назар ҳастанд, ки паёмади гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ номатлуб буда,  ин маризӣ омили падоиши дигар бемориҳо дар организм мегардад. Бемории фарбеҳӣ заминаи аслии пайдоиши бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, саратон ва ғайра дар организми инсон мебошад.

Вазъи феълӣ ва дурнамои бемории фарбеҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тайи солҳои охир бемории фарбеҳӣ миёни ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бештар гардида, ин ҳолат боиси нигаронии   Ҳукумати кишвар ва мақомоти матбута, хосатан Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкилоту сохторҳои гуногун, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои гуногунро рӯи даст гирифта истодааст. Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ баҳри таҳияи “Барномаи пешгирии бемории фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъсис дод. Пас аз ҳамоҳанг намудани он бо вазорату идораҳои алоқаманд барномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо баҳри коҳиш додани бемории фарбеҳӣ доир карда шуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ҳукумати  мамлакат қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад бемории мазкурро ба камшавӣ оварда расонад.

Тавсияи мутахассисон перомуни роҳҳои ҷилавгирӣ аз гирифтршавӣ ба бемории фарбеҳӣ

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷои маҳсулотҳои хӯроквории таркибашон чарбдор, бояд маҳсулотҳое, ки аз орди навъи дуюму сеюм тайёр карда мешаванд, истеъмол намоем. Махсусан, бояд бештар таваҷҷуҳ ба истеъмоли меваю сабзавот ва кабудиҳо карда шавад.   Дар баробари ин, он меваю сабзавоте, ки шириннокияшон зиёд аст, аз он даст кашидан лозим меояд. Инчунин, истифодаи зиёди намак, истифодаи тамъдиҳандаҳо дар ғизо, истеъмоли ғизоҳои тезтаёр, истеъмоли нӯшокиҳои ширини газнокро низ бояд кам кард. Ҳамчунин, ба баланд намудани сатҳи ҷисмонӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ бояд аҳамият доду зиёдтар роҳ гашт. Бино ба таъкиди табибон, ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо, бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашид, зеро, тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад.  Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ, яке аз омили асосии хурурҷи бемории фарбеҳӣ дар кишварҳои Аврупо, хосатан ИМА, ин истеъмоли шабонарӯзии хӯрокҳои зудомодашаванда аз ҷониби сокинони он аст.
Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 684
  • 1,242
  • 949,704