Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемориҳои асаб

Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии бемориҳои асаб
Декабр 02
12:46 2020

Имрӯзҳо дар байни сокинони кишвар як қатор бемориҳои асаб, аз ҷумла вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар, фалаҷи модарзодии кӯдакона, асабхастагӣ, дегеренативии сутунмуҳра хеле зиёд вомехӯранд.

Мутахассисони соҳа сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои вайроншавии гардиши хун дар мағзи сарро гуногун арзёбӣ мекунанд, ки  саривақт ба духтур муроҷиат накардан яке аз омилҳои асосии пайдоиши ин беморӣ мебошад. Аксар нафарон ҳангоми пайдо шудани дарди сар бо истифода аз чойи кабуд, алафҳои гуногун ё тавассути доруҳои сардард мехоҳанд онро рафъ намоянд. Бояд таъкид кард, ки дарди сар метавонад дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта бошад, ки ин дар тамоми дунё масъалаи ҷиддист. Бемории дарди сар дар шаклҳои гуногун 67 намуд аст, ки бевосита ба рагҳои хунгард, мушакҳо ва ҳуҷайраҳои майнаи сар, ҳолатҳои асаб ва обу ҳаво низ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин, сабаби дигари дарди сар фишорбаландӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки шаҳрвандони мо ба фишорбаландӣ таваҷҷуҳи начандон ҷиддӣ медиҳанд ва саривақт ба духтур муроҷиат намекунанд.

Бо мурури замон фишорбаландӣ ба дараҷаи баланд расида, боиси вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар мешавад. Омили дигари вайроншавии хун дар майнаи сар артесклерози рагҳои хунгард аст, ки ба ин ҳам шаҳрвандони мо диққат намедиҳанд ва дар давраҳои аввали пайдоиш онро пешгирӣ ва табобат намекунанд. Инчунин, вайроншавии гардиши хун дар беморони гирифтори қанд ба мушоҳида мерасад, ки ҳам мубталои фишорбаландӣ ва ҳам артесклерозанд. Гузашта аз ин, фарбеҳӣ ва зиёд шудани чарби хун боиси сар задани ин беморӣ мегардад. Бемориҳои қалб низ ба вайроншавии гардиши хун оварда мерасонанд.

Бояд гуфт, ки вайроншавии гардиши хун на танҳо масъалаи ҷиддии соҳаи тандурустӣ, балки иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ маҳсуб меёбад. Солҳои охир сактаи майнаи сар ва сактаи хунрезӣ дар майнаи сар дучанд зиёд шуда, ин беморӣ торафт зиёд мегардад. Бино ба ақидаи мутахассисон, агар қаблан ба бемории вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар шахсони аз 55 – сола боло гирифтор мешуданд, ҳоло онро дар одамони 35 – 40  сола низ дидан мумкин аст.

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, истифодаи беш аз андозаи воситаҳои техникӣ, мошинсавории ҷавонон ва камҳаракатии онҳо таъсири манфӣ дошта, имрӯз ҳаракат ва корҳои ҷисмонӣ миёни ин насл хеле кам шудааст. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, машруботи спиртӣ, кашидани сигор омилҳои ба ин беморӣ гирифтор шудани ҷавононанд. Бемории вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар ба фавти беморон ва маъюбшавии онҳо оварда мерасонад. Ин беморӣ ҳуҷайраҳои майнаи сарро ба нестӣ мерасонад ва ба фалаҷ гирифтор мекунад.

Намуди дигари беморие, ки бештар вомехӯрад, фалаҷи модарзодии  кӯдакона мебошад. Дар аксар  маврид мағзи сари онҳо ҳангоми дар батни модар будан маъюб мешавад. Сабабҳояш гуногун мебошанд, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, камхунӣ ё таъсири муҳити берунист. Дар натиҷа фарзандон маъюб, яъне камақл ва ё бо дасту пойи фалаҷ ба дунё меоянд. Онҳо маъюби доимӣ мемонанд ва ба падару модар ва аҳли оила таъсири бади рӯҳӣ мерасонанд.

Бемории дигар ин саръ (эпилепсия) мебошад. Мутаассифона, аксар  шахсони гирифтори ин беморӣ дер ба духтур муроҷиат мекунанд. Бояд гуфт, ки аз 70 то 80 дарсади ин беморон табобатшавандаанд. Он сару садо ва овозаҳои байни мардум, ки гӯё ин беморӣ табобатнашаванда аст, асос надоранд. Омилҳои пайдоиши саръ осеб дидани майнаи сар, тарс ва ҳар гуна сироят мебошад. Дар ҳолати саривақт муайян намудани сабабҳои беморӣ табобати он ба осонӣ муяссар мегардад.
Бемор бояд аз рӯи тавсияи мутахассисони соҳа таҳти назорат ва табобати як духтур бошад ва як намуди доруро то дараҷаи баланди таъсираш истеъмол намояд.

Сигоркашӣ, истеъмоли машруботи спиртдор, истифодаи телефонҳои мобилӣ, компютер ё тамошои филмҳои гуногуни даҳшатнок ба гирифторони ин гуна беморӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Инчунин, сирояти бемориҳо, аз қабили гӯшу гулӯву бинӣ, баланд шудани ҳарорат, газаки шуш хурӯҷи бемории саръро бештар мегардонанд. Бинобар ин, чунин беморон бояд бо мутахассисони соҳаи асабшиносӣ бевосита дар иртибот бошанд.

Бемории дигаре, ки солҳои охир хеле зиёд шудааст, дегеренативии муҳраҳои сутунмуҳра мебошад. Ин беморӣ бо номи остехандроз ва дар байни мардум ҷамъ шудани намак дар муҳраҳои миён, гардан, қафаси сина маъмул аст. Сабабҳои асосии пайдоиши чунин бемориҳо истеъмоли зиёди хӯрокҳои сергӯшту равған, кам хӯрдани сабзавот мебошад.

Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, асабониятӣ беморӣ  ҳисоб мешавад, вале он бемории функсионалии майнаи сар аст, яъне дигаргуниҳои органикӣ дар муоина дида намешаванд, вале фаъолияти кории майна дигар мешавад:

-Аниқтараш фазаи ангезаи қишри мағзи сар дар як ҳолат монда, ба боздорӣ (торможение) намегузарад. Ангезаи мағзи сар сабаби нодуруст қабул кардани иттилоот, паст шудани даҳлези идрок, баланд шудани аксуламали ҷавоби рефлексӣ, номувофиқатии ангезонанда ва ҷавоби ангезашаванда дар системаи марказии асаб ва ҳосилшавии зиёди гормонҳои стрессӣ ва зидди стрессӣ мешавад,-иброз намуд ӯ.

Бино ба гуфти номбурда, вайроншавии мувозинати гормони системаҳои масуният, вегетативӣ, гомеостазӣ мубодилаи моддаҳоро дар ҳолати омодабошӣ қарор дода, сабаби вайроншавии механизмҳои дарунии сиришти одам ва рафтори  ӯ дар атроф мешаванд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки асабониятӣ  замина барои бемориҳои органикӣ ва нодурустшавии рафтори одам дар ҷамъият мешавад.

Ба гуфтаи ин равоншинос, асабониятӣ  оҳиста-оҳиста ба бемориҳои невроз, астенизация, депрессия, фобия, агрессия, неврастения, нороҳатии майнаи сар, бемориҳои функционалии меъдаву рудаҳо, дил, қанд, саратон, шуш, бох, гурдаҳо ва ғайра оварда мерасонад, яъне барои пайдошавии бемориҳои ҷиддӣ замина месозад ва ин беморӣ яке аз зинаҳои пайдошавӣ ва равиши бисёре аз бемориҳост.

-Ногуфта намонад, ки бемориҳои асабониятӣ сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ, барҳамхурии оилаҳо, камшавӣ ё пастшавии ҳосили корӣ, зиндагии паст, камбағалӣ ва худкушист. Бисёр одамони  гирифтори чунин беморӣ эътирозгаранд, норозиянд, дар мушкилоти худ дигаронро гунаҳкор мекунанд,-мегӯяд ин равоншиноси тоҷик.

Доштани асаби ором яке аз талаботҳои ҳаррӯзаи инсонҳо мебошад. Ҳама мехоҳад, ки асаби ором дошта бошад, вале шахс аз субҳ то шом ба стрессҳо (афсурдагӣ)-и гуногуни моддию маишӣ ва корӣ вомехӯрад.

Аз рӯи имкон шахс бояд ҳар рӯз ба варзиш машғул шавад. Аз гиёҳҳои шифобахш, аз қабили пудина, ҷанбилак, сумбулак, қоқу, ки дорои витаминҳои зиёданд, истифода барад. Гардиш дар ҳавои тоза 15-20 дақиқа пеш аз хоб, тоза кардани ҳавои хона, истеъмоли дурусти хӯрок, истифодаи на чандон зиёди таҷҳизоти дорои майдони магнитӣ, аз ҷумла телефону компютеру телевизион ба саломатӣ манфиатбахш мебошанд.

Фарзод Сармад

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732