Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба давраи зимистон дар кадом вазъ қарор дорад? Боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз хона-интернатҳо

Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба давраи зимистон дар кадом вазъ қарор дорад?  Боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз хона-интернатҳо
Ноябр 28
17:00 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарияти Вазорати тандрурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Имрӯз, 28 ноябри соли равон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуд. Аз ҷумла вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Файзобод, Самариддин Ализода аз муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Бохтар дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Махсусан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо бошандагони он суҳбат намуд.

Зимни вохурӣ бошандагони муассисаи мазкур барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз анбори Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии ангишт ва ҳезум, маводи хӯрока муҳайё карда шудааст. Зикр гардид, ки аз ҳисоби хоҷагии ёрирасоне, ки дар ихтиёри Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода қарор дорад, роҳбарияти муассисаи мазкур самаранок истифода намуда, аз ҳосили он барои фасли зимистон  аз бодиринг ва памидор консерва омода намудаанд.

Зимни вохуриҳо ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа, махсусан пиронсолон ва маъюбон мақоми махсус дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 710
  • 1,242
  • 949,730