“Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир”

“Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир”
Ноябр 08
14:08 2022

Имрӯз, 8 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ошкор намудани гемофилия, табобати он ва дигар ихтилоли хунравии нодир” конференсия баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз  Федератсияи Россия, роҳбарият ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ба тарви ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Дар идомаи конфронс як қатор иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни мавзуи мазкур маърӯза намуданд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 6 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Конфронси мазкур пангоҳ низ ба кори худ идома хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 642
  • 1,242
  • 949,662