ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид

ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид
Май 13
08:19 2020

Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» дар пайравӣ ба иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раёсати тандурустии пойтахт  кумак  намуд, ки  аз лавозимоти зарурии тиббӣ дар ҳаҷми зиёда аз дуюним миллион сомонӣ иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстона имрӯзҳо баҳри рафъи мушкилии бемории сироятии COVID-19 дар мамлакат, хусусан таъминоти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, дастгирию кумаки  моддию маънавии табибону беморон  тамоми тадбирҳои заруриро анҷом дода, дар шакли кумак ба тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат маводи доруворию лавозимоти тиббӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ дастарас менамоянд.

Дар партави ҳамин сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади   пешгирӣ  аз  паҳншавии  пандемияи COVID-19 ва табобати саривақтии беморон, инчунин тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ  дар пойтахти  мамлакат  беморхонаҳои  нав барои қабули беморон  сохта ба истифода дода шуда, ҳамаи сохторҳои давлатӣ барои ҳифзи  саломатии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе  фаъолияти шабонарӯзӣ менамоянд  ва ба таври доимӣ дар иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ тадбирҳои безараргардонӣ анҷом дода мешаванд.

Дар баробари ин соҳибкорони алоҳида ва ҷавонмардони ватандӯсти пойтахт дар ҳамин шабу рӯзҳо дар пайрави ба  иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе  худро дар паҳлуи мардум  ва табибону кормандони гуногуни соҳаи тиб гирифта, дасти кумак ба онҳо дароз менамоянд, ки кумаки башардӯстонаи Ширкати «Авесто Гурӯҳ» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ин  ширкати ватанӣ  дар доираи иқдомҳои эҳсонкории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Раёсати тандурустии шаҳри  Душанбе  кумак  намуд, ки  аз лавозимоти зарурии тиббӣ дар ҳаҷми зиёда аз дуюним миллион сомонӣ иборат мебошад.

Дар доираи ин кумаки хайрхоҳона  ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахти мамлакат  53 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон дар ҳаҷми 10 000 адад, айнакҳои ҳимояткунандаи тиббӣ 10 000 адад, дастпӯшакҳои тиббӣ 10 000 дона, ниқобҳои махсуси пластикии ҳимояткунанда 5 000 адад ва ниқобҳои тиббӣ 18 200 адад ба таври ройгон супорида шуд.

Дар ҷараёни тақдими лавозимоти тиббӣ намояндагони ин ширкати ватанӣ  иттилоъ доданд, ки маводҳои мазкур дар ин рӯзҳо барои кормандони соҳаи тиб ниҳоят зарур мебошанд ва ба тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе дастрас  карда мешаванд.

Ба таъкиди намояндагони  ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ин тадбири муҳиму хайриявӣ  ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа мунтазам анҷом дода шуда, дар доираи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи  доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба  бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна амалӣ мегардад.

Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» тасмим гирифтааст, ки дар  пайравӣ  ба  ташаббусҳои хайру эҳсонкории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ иқдомҳои эҳсонкориро дар оянда низ анҷом диҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 634
  • 1,242
  • 949,654