Баъди ифтитоҳи маҷозӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вазирони тандурустии ду кишвар аз Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дидан намуданд

Баъди ифтитоҳи маҷозӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  вазирони тандурустии ду кишвар аз Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дидан намуданд
Июн 11
12:46 2021

10 июни соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳаким Хаҷибоев  ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» иштирок кард. Меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро сокинон ва фаъолони ноҳияи Қубодиён бо самимияти беандоза ва меҳмоннавозии тоҷикона дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд.

 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳаким Хаҷибоев баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ ба таври  маҷозӣ ифтитоҳ кардани Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз шароити иншооти муҳташами тандурустӣ, ки дар он имконоти муосири ташхису табобат муҳайё карда шудааст, диданд карданд.

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки решаи таърихӣ доранд, акнун бо иродаи қавии Сарони давлатҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи нави рушдро касб намуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати сарони давлатҳои бо ҳам дӯсту барордар қарор гирифт. Дар заминаи равобити дӯстона Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд, ки ин боз ҳам ба густариш ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон замина мегузорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии мазхкур аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии “Узбекнефтегаз”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018 оғоз гардида, бино бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати умумии барои бунёди Маҷмааи тандурустӣ ҷудогардида  6 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҳудуд дар баробари бинои асососии беморхона, ҳамзамон иншооти ёрирасон, ба монанди озмоишгоҳи клиникӣ, биокимиёвӣ, иммуноферментӣ, вирусологӣ ва бактериологӣ, шуъбаи паталогоанатомӣ ва сардхона, ҳуҷраи безараргардонӣ, корхонаи тавлиди оксиген, ошхона, коргоҳи корезӣ, системаи тоза ва сардсозии ҳаво, системаи обтаъминкунӣ ва дегхонаи буғӣ бо ангишт фаъолияткунанда ҷойгир карда шудааст.

Тибқи лоиҳа бинои асосии Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон»  4 ошёна ва ду бинои дигар аз се  ошёна иборат мебошанд. Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён дорои 200 кат буда, барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ аз 19 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, шуъбаҳои бемориҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакона, урологӣ ва ғайра иборат мебошад.

Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ноҳияи Қубодиён бо таҷҳизоти пешрафти тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхиси дақиқ ва муолиҷаи сарвиақтии беморон муҳим ва сарвиақтӣ мебошад.

Барои ташхиси беморон  дар Маҷмааи мазкур 1 адад томографияи компютерӣ, 2 адад рентгени рақамии статсионарӣ ва 2 адад рентгени рақамии сайёр аз давлатҳои пешарфтаи ҷаҳон ворид карда шудаанд.

Инчунин, дар Маҷмааи тандурустӣ дастгоҳҳои нав, аз ҷумла ташхиси фаросавтӣ – 4 адад,  гастрофброскоп – 2 адад, бронхоскоп, колоноскоп, уретроскоп, ташхиси сабти барқии кори дил – 4 адад, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ – 10 адад, кардиомонитор – 41 адад, ЛОР-комбайн – 2 адад, дастгоҳи ташхисиву табобатии бемориҳои чашм, дастгоҳи нафасдиҳӣ ва 7 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ -2 адад (бо функсияҳои ҷарроҳӣ, урологӣ, занона, осебшиносӣ ва коагулятор мавҷуд аст.

Табибон бо истифода аз  11 адад дастгоҳи гемодиализ – 3 адад, лампаҳои ҷарроҳӣ – 15 адад дастгоҳи кашиши барқӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ – геманализаторҳо – 15 адад, дастгоҳи сабти барқии кори майнаи сар имкон пайдо карданд, ки ба беморон хизмати баланди тиббӣ расонанд.

Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Шуъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии навбунёд низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ буда, барои нигоҳубини мадору кӯдак шароити мусоид дорад.

Барои табобати бемориҳои гушу гулу ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора метовонад беморро ташхис намояд. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ бошад, дастгоҳе насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, табобат менамояд. Барои шахси осебдида ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ рафтан зарур намеояд.

Дар  умум дар Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон»  357 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебел, ҷевон, мизу курсӣ ва ғайра таҷҳизонида шудааст. Аз ин шумораи дастгоҳҳои наву муосир  121 номгӯ таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ мебошанд.

Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиён барои хизматрасонии аҳолии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, ки наздики 400 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳанд, бунёд гардидааст.  То ин вақт сокинон барои ташхиси бемориҳои узҳои муҳимиъ ба маркази вилоят ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин ҳам вақт ва хароҷоти зиёдро талаб мекард.

Инчунин, дар шафати Маҷмааи тандурустӣ қисми қабули дармонгоҳӣ- Маркази саломатӣ  бунёд гардидааст, ки он  барои қабули 300 бемор дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Маркази саломатии навбунёд низ бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардида, он дорои шароиту имконяитҳои муосири ташхису табобат мебошад.  Барои кор бо таҷҳизот дар Маҷмааи тиббӣ 52 нафар вобаста гардида, онҳо марҳила ба марҳила аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шуданд.  Сатҳи баланди дониш, истифодаи дурусти дастгоҳу таҷҳизоти пешрафти ҷаҳон, ки дар Маҷмааи тандурустӣ ва Маркази саломатӣ мавҷуд мебошанд, имконият фароҳам меоранд, ки ҳама гуна бемориҳо дар ин бемористон муоинаву табобат карда шаванд.

Тавре мутахассисони соҳа иттилоъ доданд, бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сохта мавриди истифода қарор додани  Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон»  намунаи олии равобити халқҳои бо ҳам дӯсту бародари тоҷику узбек ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ҳамзамон, дар ҳудуди Маҷмааи тандурустии мазкур сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо фарогирии  50 кат барои калонсолон ва кудакон бомаром идома дорад. Пас аз мавриди истифода қарор додани Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардида, беморон дар шароити муосир ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва шаҳри Душанбе  нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтари маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

Инчунин, барои сабзу хуррам гардондани саҳн ва атрофи бинои навбунёд дарахтони зиёди сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд, ки  ба ҳусни маркази ноҳия зебоии хос зам кардаанд. Ҳамзамон насби  нишастгоҳҳо ва роҳравҳои чароғони он барои истироҳату фароғат ва сайру гашт  дар атрофи бинои Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» мувофиқу дилписанд мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732