ПАЁМ-РОҲНАМОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

ПАЁМ-РОҲНАМОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Январ 26
17:17 2021

Дар баробари  кормандони касбу кори гуногуни кишвар имрӯз, 26 январи соли равон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як руҳияи баланди худшиносии миллӣ тамошо намуданд.

Махсусан, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”,  Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш”, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон,  роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастаҷамъона тамошо намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи тандурустӣ низ диққати махсус зоҳир намуда, махсусан, бори дигар  ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Бо назардошти он, ки давоми солҳои охир сироятёбӣ ва барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст, Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супориш доданд, ки таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакат аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд низ баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640