Паёми табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии табибон

Паёми табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии табибон
Август 18
07:44 2020

Ҳамкасбони азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва дар симои Шумо кулли  кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касби табибони Тоҷикистон, ки ҳамасола имрӯз, 18 август, яъне дар Рӯзи зодрӯзи падари илми тиб Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, самимона табрику шодбош намуда, бароятон пеш аз ҳама саломативу сарбаландӣ, муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонам.

Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз таҷлил намудани ин сана бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузорӣ намудани ҷомеа ба заҳматҳои шабонарӯзии табибон мебошад.

Дар воқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша ба касаливу бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Кормандони соҳаи  тибби Тоҷикистон  иди касбии худ ва зодрӯзи ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Синоро дар соли таҷлили 23-солагии Ваҳдати миллӣ ва дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назарраси касбӣ истиқбол мегиранд.

Ба рӯзи санаи таваллуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, яъне 18 август рост омадани Рӯзи касбии  кормандони тибби Тоҷикистон рамзӣ мебошад ва дар чунин рӯзи таърихӣ таҷлил намудани  иди касбии хеш кормандони соҳаи тандурустии кишварро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми шарифи кишварамон аз пештара бештар кӯшишу талош намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз замонҳои қадим гиёҳдармониро чун василаи самарабахши табобати бемориҳои гуногун истифода мекарданд. Донишмандони шинохтаи тоҷику форс,  ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо рӯзгору осори пурбаҳои худ пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд.

Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла “Ал-Қонун фит-тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ, “Гиёҳнома”-и Абумансури Муваффақ, “Тиб”-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, айни замон китобҳои рӯйимизии олимону муҳаққиқон ба шумор мераванд. Дар ин росто, китоби “Ал-Қонун фит-тиб”- и Абуалӣ ибни Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиш ва нодири соҳаи гиёҳдармонӣ донист.

Дар қисми дуюми  асари мазкур Абӯалӣ ибни Сино дар бораи 810 маводи доруворӣ  маълумот додааст, ки 376-тои онҳо маводи доруии гиёҳӣ мебошанд.

Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки Абӯалӣ ибни Синоро дар арсаи олам ҳамчун падари тиб мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Барҳақ, Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуда, дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд. Имрӯз асарҳои гаронарзиши ин нобиғаи олам дар маъруфтарин донишгоҳҳои дунё мавриди омӯзиши толибилмон қарор доранд.

Пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши  ҳаёту фаъолияти  ин нобиғаи соҳаи тиб машғул мебошанд, бар он назаранд, ки Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст, ки аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми тиб мансуб мебошанд.  Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Ал-Қонун фит-тиб” мебошанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри ХIХ истифода бурда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Абӯалӣ  ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми бениҳоят арзишманд гузоштааст. Аз ин ҷост, ки  ӯро дар олам чун пешоҳанги тиб ва фармакологияи клиникӣ мешиносанд.

Тавре Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббӣ мебошанд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳи пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”

Ҳар як табиби тоҷик бояд аз он ифтихор намояд, ки пайрави чунин шахсияти баруманди сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки табибони мо, махсусан табибони ҷавон ба осори гаронбаҳои ин нобиғаи ҷаҳонӣ рӯ биоваранд ва аз гуфтаҳои ӯ дар фаъолияти кории хеш истифода намоянд.

Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хатори эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  дар рушди илми тиб дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин чеҳраи мондагори таърих гузошта шуд. Барои  олимони ҷавони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ихтироъкорӣ менамоянд, ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфт. Яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе низ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.

Ҳифзи солимии аҳолии мардуми кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир ва муқтадири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии кишвар бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат бо мақсади иҷрои супоришҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеризатсиякунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дарбар гирифта, дар самти пешгирии як қатор бемориҳои сироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзӯр намудани нерӯи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо  ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Давоми солҳои охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва  бо таҷҳизоти навтарин таъмин намудани онҳо дар мамлакат ба ҳукми анъана даромада, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ки қаблан шаҳрвандони кишвар барои анҷом додани онҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамуданд, аз дастовардҳои назарраси соҳаи тандурустии кишвар ба шумор мераванд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 634 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 49 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар 6 моҳи соли 2020 бошад, ба 36 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара то имрӯз ба 85 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2020 дар муассисаи мазкур ба 8 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Давоми 6 моҳи соли 2020 дар марказҳои ҷарроҳии дилу рагҳо дар маҷмӯъ 639 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 682 амалиёти ангиография ва 260 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат дар 6 моҳи соли равон ба 64 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шудаанд.

Самти тарбияи кадрҳо ва бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан ба 19080 ва 53982 нафар баробар буда, нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 20,9 ва 59,1 – ро ташкил менамояд.

Давоми 6 моҳи соли равон лоиҳаи “Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он дар таҳрири нав бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки  айни ҳол соҳаи тандурустии  аксар кишварҳои оламро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ намуда истодааст, паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз замони дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифтани ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати пешгирии интиқоли ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуданд.

Натиҷаи андешидани чорабиниҳои муҳим ва саривақтӣ буд, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  назар ба кишварҳои ҳамсоя дертар ба қайд гирифта шуд.

Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат 30 апрели соли равон сирояти коронавируси нави COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ 23 январи соли 2020, №37 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 Нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки мушкилоти асосӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 он аст, ки то ба имрӯз дар дунё ягон усули ягонаи пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ва дорувории махсуси аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда вуҷуд надорад.

Хушбахтона, маҳз дар натиҷаи талошҳои хастанопазири табибони кишвар имрӯзҳо шиддати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст. Вале, новобаста ба ин, барои пурра аз байн бурдани ин беморӣ мо табибонро лозим аст, ки  боз ҳам софдилона ва содиқона муборизаро бар зидди ин беморӣ идома бидиҳем.

Бо назардошти  паҳншавии мавҷи дуюми  ин беморӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва ташвишовар боқӣ мондани вазъи эпидемиологӣ дар як қатор кишварҳои олам  айни ҳол дар анбори вазорат 6 номгӯи дастгоҳҳои тиббӣ ба миқдори 1068 адад, 53 номгӯи доруворӣ ва 25 номгӯи маводи худмуҳофизатӣ ва безараргардонӣ ба миқдори зарурӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамзамон, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳр захираи зарурии 28 номгӯи маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, 6 номгӯи маводи худмуҳофизатӣ, 15 номгӯи таҷҳизоту асбоби тиббӣ, аз ҷумла 37 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ мавҷуд мебошад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ захираи катҳо бо мақсади омодагӣ барои хуруҷи эҳтимолии дуюми ин беморӣ 12438 ҷойро ташкил медиҳанд.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Айни замон, ки мо дар Рӯзи таҷлили Иди касбии табибони Тоҷикистон қарор дорем, барои заҳматҳои шабонарӯзиятон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19  ба якояки Шумо изҳори сипос менамоям.

Воқен, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати табибонро барои мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 қадр менамояд.

Махсусан, дар давраи сипаригардида бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ дар ҳошияи чорабиниҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати ин сироят дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.

Дар охир бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат минбаъд низ баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва  ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Бори дигар иди касбиатон муборак бошад, табибони азиз!

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980