Пешгирии сирояти коронавирус пурзӯр карда шуд

Пешгирии сирояти коронавирус пурзӯр карда шуд
Феврал 01
13:39 2020

Имрӯз, 1 феврали соли равон ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии  сирояти коронавирус дар мамлакат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии ҷаласа иброз намуд, ки масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш ҳадаф ва мақсади баргузор гардидани ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи вазоратро пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии коронавирус дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҳамзамон, таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва табобати сирояти мазкур бояд муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар идомаи ҷаласа Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар мамлакат баромад намуда, иброз дошт, ки то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, назорат дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шудааст.

-Бо мақсади қатъ намудани сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва баръакс, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намуд.  Ҳамзамон, бо назардошти дар заминаи ширкату корхонаҳои муштарак фаъолият намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон аз роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки оид ба мавзеи ҷойгиршавии корхонаю ширкатҳо, шумораи мутахассисони чинӣ ва маҳали будубоши онҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд,-иброз дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш қайд намуд, ки ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд то рӯйхати донишҷӯёни тоҷикистонии дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсилкунандаро бо нишондоди маҳали зист барои назорати тиббии минбаъда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Тавре Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҷаласаи мазкур гуфт: “то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардидааст. Аммо, новобаста ба ин,  бо мақсади пешгирии интиқоли он ба ҷумҳурӣ ва ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан, ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат супориш ва дастуру пешниҳодоти зерин, аз ҷумла омӯзиш ва мушоҳидаи ҳаррӯзаи вазъи эпидемиологӣ ва паҳншавии БШРН дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи сирояти коронавирус барои мутахассисони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, гузаронидани омӯзиш оид ба истифодаи воситаҳои ҳимояи фардӣ ва риояи чораҳои назорати сироят дар муассисаҳои тандурустӣ, таҳия ва ирсоли пешниҳоди мушаххаси санитарӣ вобаста ба вазъи паҳншавии сирояти коронавирус ба сохторҳои дахлдор, ташкил намудани гаштҳои хонагӣ ва дарёфту муоина намудани беморони шадиди роҳи нафас ва муайян намудани он нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон баргаштаанд, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудогардонӣ (изолятсия) барои бистарӣ ва муоина намудани гумонбарон ба сирояти короновирус, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи эҳёгарӣ (реаниматсия) барои бистарӣ ва муолиҷа намудани гирифторшудагон ба сирояти короновирус ва ғайра дода мешавад”.

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон, тибқи супориши бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута гардиши молу мавод дар сарҳад, нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин бемориро зери назорати қатъӣ қарор додааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 30 январи соли равон  зимни баргузории як нишасти хеш дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли ташкилоти мазкур гуфт: “агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад”.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.

Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 31 январи соли 2020 дар умум 9720 ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 213 нафар фавтидаанд. Сирояти коронавирус қариб дар ҳама музофотҳои  кишвари Чин ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, интиқоли ин вирус дар 23 кишвари дигар низ дида мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбии баҳорӣ ва никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 639
  • 1,242
  • 949,659