Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалингро расман ифтитоҳ намуданд (АКС)

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалингро расман ифтитоҳ намуданд  (АКС)
Август 07
11:13 2019

7 август дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутиро расман ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар мутахассисон ва коргарон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти Лоҳутӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутӣ таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ҳуҷра барои ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошанд. Инчунин ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи 2-юми бино пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ин деҳаро шоистаи таҳсин хонда, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар ин беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,598
  • 2,153
  • 988,180