Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд
Октябр 03
07:10 2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил шуданд. Рӯйхати навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон тартиб додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони раддабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Ба панҷогонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамзон Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин ба чемпиони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.

Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол боз ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 639
  • 1,242
  • 949,659