Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд
Июн 17
07:08 2022

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ донишҷӯёнро бо истифода аз шароити замонавӣ ба омӯзиши илм ва пайваста такмил додани малакаи касбию оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманд хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи донишҷӯён моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва иншооти соҳаи иҷтимои аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд карда шуда, барои 800 нафар пешбини гардидааст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дар оянда бунёди шаҳраки замонавии тиббӣ, иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Оянда дар баробари бунёди бинои асосии таълимии Донишгоҳ тибқи нақшаи генералӣ сохтани дармонгоҳи вилоятӣ, хонаи истиқомати барои омӯзгорон ва ду хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар аст.

Ёдовар бояд шуд, ки таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимои сурат гирифта, аллакай нахустин таълимгирандагони ин даргоҳи илму маърифат иборат аз 336 нафар соли 2022 донишгоҳро хатм намуданд ва мутобиқи тақсимоти фарди аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тандурустӣ сафарбар карда шуданд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720299859790

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732