Профессор Саидбек Сатторов: «Ваксинаи зидди сил (БСЖ) қобилияти бар зидди коронавирус муқобилият кардан надорад»

Профессор Саидбек Сатторов: «Ваксинаи зидди сил (БСЖ) қобилияти бар зидди коронавирус муқобилият кардан надорад»
Апрел 10
12:27 2020

Роҳбари Агентии федералии тиббӣ-биологии Россия (АФТБ), собиқ вазири тандурустии ин кишвар   Вероника Скворсова бар он назар аст, ки ваксинаи зидди сил (БСЖ) метавонад дар мубориза бо сирояти коронавирус нақши муайян иҷро намояд. Ин андешаро бархе аз олимон низ тарафдорӣ намудаанд.

Вобаста ба ин андешаҳо мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  ҳамчун як мутахассиси соҳаи тандурустӣ наметавонад ба ин андеша розӣ бошад.  Зеро аз нигоҳи илмӣ чунин андеша асоси воқеӣ надорад.

«Тибқи омӯзиши татқиқоти оморӣ, нафароне, ки ваксинатсияи такрории (реваксинатсияи) зиддисилӣ (БСЖ) мегиранд, нисбат ба нафароне, ки ваксинатсияи такрорӣ нагирифтаанд, камтар бемор мешаванд. Инро интихоби тасодуфӣ номидан мумкин аст. Он моддаҳои бегона (антителаҳо)-е, ки бар зидди ангезандаи сил дар бадан пайдо мешаванд, қобилияти бар зидди коронавирус муқобилият кардан надоранд. Зеро ин ду беморӣ аз оилаҳои гуногун буда, яке ба оилаи бактерияҳо ва дигарӣ ба оилаи вирусҳо дохил мешаванд  ва дар байни онҳо ҳатто наздикӣ дида намешавад. Аз ин рӯ ман ба чунин андеша розӣ шуда наметавонам»,- гуфт Саидбек Сатторов.

Номбурда вобаста ба он назар, ки гӯё дар кишварҳои Италия ва  Голландия аз сабаби ба роҳ намондани эмкунии БСЖ вазъияти  сироят бо коронавирус вазнинтар аст, мегӯяд, ки  ин омил сабабҳои гуногун дорад. Яке аз сабабҳои он сари вақт наандешидани тадбирҳои пешгирикунанда мебошад.

«Тавре шоҳид ҳастем, Ҳукумати Тоҷикистон ва мутахассисони тандурустӣ барои пешгирии интиқоли он сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешиданд ва яке аз аввалинҳо шуда, робитаҳои ҳавоиро бо давлатҳое, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, бастанд.   Инчунин нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат меоянд, барои пешгирӣ намудани сирояти коронавирус онҳоро 14 рӯз зери назорати карантинӣ қарор медиҳанд. Вале дар он кишварҳое, ки имрӯз вазъияти  сироят бо коронавирус вазнинтар аст, ба ин масъала диққати ҷиддӣ надоданд. Аз ин сабаб шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар ин давлатҳо афзуд»,- зикр намуд мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Бино ба андеши Саидбек Сатторов, коронавирусҳо дар ҳарорати 25+30 дараҷа дар муҳити атроф дуру дароз зинда монда наметавонанд. Зеро пардаи берунии ин вирусҳо аз сафеда ва равған иборат буда, дар буғи ҳаво он тез нобуд мешавад. Дар ин ҳолат каронавируси навъи COVID-19 метавонад  дар муддати 2-3 соат нест шавад. Вале дар ҳолати паст будани ҳарорат вирусҳо то 2-3 рӯз дар муҳити атроф метавонанд умр бинанд.

Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад. Тоҷикистон ва Туркманистон ду давлате ҳастанд, ки дар онҳо ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Инчунин аз 1 феврал то  8 апрел  7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Ҳоло бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  телефони боварӣ бо  рақами 511 фаъол гардидааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  сокинони мамлакат  метавонанд дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  дар тамос шаванд.

Ёдрас мешавем, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд. Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750