Рӯдакӣ: Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Рӯдакӣ: Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии бемории  COVID-19
Июл 20
08:54 2020

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши бемории коронавируси нави COVID-19  кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони кумитаи ноҳиявии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, бо ёрии техникаи махсуси таблиғотии Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва бо намоиш додани наворҳои омӯзишии видеоӣ аҳолиро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдоштӣ таблиғ намуданд.

“Кормандони Кумиати ҳолатҳои фавқулодда талош карданд одlитарин қоидаҳои риояи бехатарии шахсиро ба сокинон омӯзонанд ва онҳоро ташвиқ кунанд, ки дар хонаву кӯча ва нақлиёт, ҳамчунин дар ҷойи кор ин қоидаҳоро ҷиддан риоя намоянд. Саломатии ҳар инсон қабл аз ҳама дар дасти худи ӯст”,-меафзояд манбаъ.

Баъди ҳар вохӯрӣ ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 629
  • 1,242
  • 949,649