Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор гардид (АКС)

Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор гардид (АКС)
Декабр 19
15:36 2019

Имрӯз, 19 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе  рӯзҳои тибби Қазоқистон баргузор  гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода,  роҳбарони марказҳои  илмӣ-ҷумҳуриявии ҳар ду кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, клиникаҳо, донишгоҳҳои давлативу хусусӣ, истеҳсолкунандагони ширкатҳои дорусозии ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ  дастовардҳои тибби кишвари Қазоқистон дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ба намоиш гузошта шуд.

Муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед, ҳамзамон, дигар намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  аз намоишгоҳи мазкур дидан намуда, ба дастовардҳои тибби кишвари Қазоқистон шинос гардиданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сатҳи баланди ҳамкорӣ, инчунин, муҳимияти андешидани чораҳо барои таҳким ва густариши робитаҳо, алахусус дар соҳаи тандурустии байни ду кишвар суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон солҳои охир дар самти ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифат ва баландихтисоси тиббӣ тавассути таҳкими кӯмаки аввалияи тиббӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва рақамисозии соҳаи тандурустӣ натиҷаҳои назаррас нишон дода истодааст.

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев зимни баромади хеш аз ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои мухталиф, аз он ҷумла дар соҳаи тандурустӣ  ёдовар шуда, баргузории рузҳои тиббии Қазоқистонро дар Тоҷикистон қадами устувор дар самти густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳа  арзёбӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ дигар намояндагони вазоратҳои тандурустии ду кишвар  низ суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2003 байни муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази илмии ҷарроҳии ба номи А.Н. Сызганов, Институти илмӣ-тадқиқотии кардиология ва бемориҳои дарунӣ, инчунин, Маркази педиатрия ва ҷарроҳии кӯдаконаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳ монда шуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, гузаронидани мастер-классҳо, машваратҳо ва амалиётҳои ҷарроҳӣ дар назар аст.

Ҳамкории зичи ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ба омодасозии кадрҳо дар соҳаи ҷарроҳии дил, дар амалия татбиқ намудани нуқсонҳои мураккаби дил мусоидат намуд. Тамоси доимӣ ва машваратҳои мутахассисони ду кишвар имкон дод, ки натиҷаҳои амалиётҳои ҷарроҳии гуногуни дил, чӣ дар кӯдакон ва чӣ дар калонсолон беҳтар карда шавад.

Тавре маълум аст, барномаи усули ЭКО дар Ҷумҳурии Қазоқистон хеле рушд ёфтааст. Бинобар ин, дар назар аст, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт низ вусъат ёбанд. Бояд гуфт, ки ҳамкории байни муассисаҳои таълимии тиббии  ду кишвар низ хеле назаррас мебошанд. Масалан, айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 27 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҳашт муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла бо донишгоҳҳои маъруфи ин кишвар, ба мисли Донишгоҳи тиббии Қарағанда, Донишгоҳи давлатии Остона, Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи Асфендиёров ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Тӯли 5 соли охир зиёда аз 140 донишҷӯи дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар барномаи сафарбаркунии академӣ дар Донишгоҳи тиббии Қарағанда, Донишгоҳи давлатии Остона ва Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи Асфандёров ширкат варзиданд.

Боз як рӯйдоди муҳим дар соҳаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба рушди рақамисозии соҳаи тандурустӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Дар доираи Шарикии Глобалӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) бояд маблағҳои дарозмуддат ба бахшҳои муҳимтарин ворид карда шаванд, ки яке аз онҳо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад (SDG-17). Рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз чаҳор воситаи татбиқи Эъломияи Остона мебошад, ки соли 2018 қабул шудааст.

Рушди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонӣ ва амнияти беморон баланд бардошта шавад, самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии кӯмаки санитарӣ-тиббӣ беҳтар гардида, бо ин васила ба беморон имконият фароҳам оварда шавад, ки ниёзҳои онҳоро муайян кунанд ва дар банақшагирӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ иштирок кунанд.

Дар идомаи чорабинии мазкур байни як қатор муассисаҳои зерсохтори вазоратҳои ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ-меморандумҳо ба имзо расиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 727
  • 1,242
  • 949,747