Рӯзи ғизои мактабӣ

Рӯзи ғизои мактабӣ
Май 05
15:27 2017

4 майи соли равон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи Лоиҳаи рушди Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милалли Муттаҳид “Сабук гардонидани дастрасӣ  ба таҳсилот барои кӯдаконе, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд” Рӯзи ғизо доир гардид. Дар ин чорабинӣ  масъулони  вазоратҳои тандурустӣ, маориф, рушди иқтисод ва савдо, роҳбарияти ноҳияи  Рӯдакӣ ,намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида Ғайрат дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ  суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки “Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак дар сиёсати давлат дар ҷои намоён меистад. Дар ин самт ғизои дурусти кӯдакон, махсусан мактаббачагон  таҳкурсии асосии саломатии ҷомеа мебошад. Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани  давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин чорабиниҳо оид ба баҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст”.

Ғизои мактабӣ айни замон дар доираи Лоиҳаи рушди Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милалли Муттаҳид  “Сабук гардонидани дастрасӣ  ба таҳсилот барои кӯдаконе, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд” амалӣ гардида, 335 ҳазор кӯдаконро, ки дар 2000 мактабҳои ибтидоии деҳоти 52 ноҳияиҳои Тоҷикистон  таҳсил мекунанд, фаро мегирад.  Дар доираи ин Лоиҳа, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милалли Муттаҳид таҳвили  маводи озуқавиро (орд, лӯбиёгиҳо, равғани растанӣ ва намак) бо саҳми якҷояи волидон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар қисми таҳвили меваю  сабзавот, гӯшт, тухм ва қисман пардохти хароҷот барои сӯзишворӣ, маоши  ошпазҳо ва нонпазҳо амалӣ менамояд.

Моҳи феврали соли 2015 “Консепсияи миллии таъмини ғизои мактаббачагон дар муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардида, айни замон бо дастгририи Федератсияи Россия ва Барномаи озуқаи  ҷаҳонӣ дар 8 мактаби 2 ноҳияи ҷумҳурӣ (шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияи Айнии  вилояти Суғд) давом дорад. Имрӯз ин барнома аз тарафи  Федератсияи Россия ва Барномаи озуқаи  ҷаҳонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ меҳмонон  дар тарзи дурусти тайёр кардани ғизои мактаббачагон иштирок намуда, аз ин дастархони омоданамудаи худ ҳамроҳи онҳо хӯроки нисфирӯзӣ хӯрданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 693
  • 1,242
  • 949,713