Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Август 18
13:12 2018

Субҳи имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷиҳати таҷлили Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 18 август таҷлил мегардад, ҷамъомад баргузор гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 18 август вобаста ба зодрузи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҷамъомади мазкур ҷиҳати таҷлили Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Гулаҳмадзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Игор Поканевич, роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат ва мутахассисону сармутахассисони идораҳои марбутаи ин ниҳод иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Насим Олимзода, кулли ҷамъомадагонро ба иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки; “Иди касбии кормандони тиб бо рӯзи мавлуди алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино шахсе, ки осори гаронбаҳояш ганҷи бебаҳои илм, роҳнамои кормандони тиб аст, дар арафаи ҷашни «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “85 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷашни 27 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хоса медиҳад. Дар тӯли солҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ дастовардҳои зиёде ба амал омада, онҳо пайвасти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз соҳаи тандурстӣ дар кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои шоёни кормандони соҳаи тиб ба тариқи назаррас рушд намудааст. Табибони кишвар баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, бо дасти мӯъҷизакор, ақли гиро, сухани нек ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд”.
Дар рафти ҷамъомади мазкур, ҳамзамон Насим Олимзода як қатор фаъолон ва собиқадорони соҳаи тандурустии кишварро бо мукофотҳо, унвони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдони намуд.
Дар рафти баргузории ҷамъомад, инчунин бори нахус, суруди касбии табибони Тоҷикистон садо дод.
Дар охири ҷамъомади идона, баҳри болидаруҳии иштирокдорон ҷорабинии фарҳанги фароғатӣ ташкил гардид, ки дар он гурӯҳи рақсии “Падида”, сароянгадони эстрадаи тоҷик, ҳаҷвнигорон ҳунарнамои карда, табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760