Рӯзи модарон дар “Чорбоғ”

Рӯзи модарон дар “Чорбоғ”
Март 07
11:29 2019

Имрӯз, 7-уми март дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”-и ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи модарон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Насим Олимзода, муовини вазир – Шодихон Ҷамшед ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Абдулҳаким Холзода иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бонувон – табибону кормандони муассисаро ба фарорасии идашон табрику таҳният гуфта, хизмати онҳоро дар тавонбахшии кӯдакони маъюб сазовори таҳсин донист. Сипас, ба кӯдакони дар ин муассиса табобатгиранда аробачаҳои маъюбӣ туҳфа карда шуд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва солимгардонии шахсони ниёзманд таваҷҷуҳи махсус дошта, пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Аз ҷумла, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба маъюбон “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул гардида, ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо, тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ба ҳисоб мераванд.

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ сарояндагону мутрибон бо сурудҳои шӯху ҷаззоб табъи ҳозиронро болида гардонида, махсусан шодиву рақси кӯдакони маъюб далели як рӯзи беҳтарин доштани онҳо буд. Ҳамчунин, баъди анҷоми чорабинӣ барои кӯдакони ин муассиса дастурхони идона оростанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 632
  • 1,242
  • 949,652